Оё Лукашенко наҷотбахши Путин мешавад?

Ғайриимкон ба назар мерасад, ки Беларус битавонад ҷараёни ҷангро ба нафъи Русия тағйир диҳад. Ин кишвар ба унвони кишварӣ бисёр кучактар аз Украина ва Русия, танҳо ҳудуди даҳ ҳазор сарбоз дорад. Чунин қудрате ҳечгоҳ наметавонад тафовуте дар ҷараёни ҷанг байни Украина ва Русия эҷод кунад.

Фармондеҳи гуруҳи шимолии артиши Украина эълон кард, Украина дар ҳоли истиқрори неру ва таслеҳоти бештар ба манзури тақвияту таҳкими марзи худ бо Беларус мебошад. Сергей Ноев, фармондеҳи гуруҳи шимолии артиши Украина дар канали Телеграми худ навишт: ба дунболи таҳаввулоти пешомадаи ахир дар робита ба неругоҳи ҳастаии Запорожя, тасмим гирифта шуд то марзи шимолии кишварамон бо истиқрори неру ва таслеҳоти бештар тақвияту таҳким ёбад. Ӯ навишт, ки тақвияти марзи шимолӣ чандин моҳ аст, ки дар ҳоли анҷом мебошад. Мавонеи зидди танк дар ҳоли насб, майдонҳои мина дар ҳоли шаклгирӣ ва кулли хати дифоӣ дар ҳоли тақвият мебошад. Ба тозагӣ аз ҷониби Украина иддаоҳое дар робита ба эҳтимоли анҷоми як ҳамлаи террористӣ аз марзи Беларус ба нерӯгоҳи ҳастаии Запорожя матраҳ шудааст.

Чаро Беларус муттаҳиди Русия аст?

Беларус аз ҷумлаи сарзаминҳоест, ки баъд аз фурӯпошии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шуравӣ ба як кишвари мустақил табдил шуд ва аз он замон токунун равобити иқтисодӣ ва сиёсии наздике бо Русия дорад. Дар ҷараёни буҳрони Украина дар соли 2014, Беларус ба унвони миёнҷӣ амал карду мавзеи бетараф дар қиболи илҳоқи Крим ба Русия иттихоз кард, аммо буҳрони сиёсии 2020 дар Беларус вобастагии Александр Лукашенко ба Кремлнро афзоиш дод ва ӯро ба муттаҳиди муҳимми Русия дар таҳоҷуми феврали 2022 ба Украина табдил кард. Интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2020 Беларус сабаби як буҳрони сиёсии бузург дар ин кишвар шуд. Мухолифони Лукашенко, ки пирӯзи ин интихобот буд муътақид буданд баргузарии интихоботи пеш аз муҳлат дар кишвар ба ин манзур будааст то интихобот ба нафъи Лукашенко тамом шавад.

Мухолифони Лукашенко, ки аз рақиби вай ҳимоят мекарданд, дар 9-уми августи 2020 ба хиёбонҳо омаданду хостори шумориши оро зери назари як ниҳоди мустақил шуданд. Авзоъ ба оромӣ пеш нарафт чаро, ки давлати Лукашенко тасмим гирифт фазои амниятиро ташдид кунад. Мухолифон барои чанд ҳафта ба хиёбонҳои шаҳрҳои мухталифи Беларус аз ҷумлаи пойтахти ин кишвар омаданд, аммо бо саркӯби давлатӣ ва боздоштҳои густарда рӯбарӯ шуданд. Дар ин байн Русия эълон кард, ки омодаи эъзоми неру барои ҳимоят аз саркӯби мухолифон аст. Дар ниҳоят ҳеҷ неруи русӣ даргир нашуд, аммо ин пешниҳод то ҳудуде дар саркӯби инқилоб нақш дошт. Илова бар ин дар ҳоле, ки Беларус аз ҷониби ғарб таҳти таҳримҳои шадид қарор гирифта буд Русия ду қарз ба арзиши 500 миллион доллар ва 1.5 миллиард доллар ба Минск дод. Кумакҳое, ки дар бекор шудани тарҳҳои таҳримии Аврупо алайҳи ин кишвар нақши муҳимме дошт. Албатта ин аввалин боре набуд, ки Путин аз Лукашенко ҳимоят мекард. Лукашенко дар давраи 28 солаи ҳукумати худ бар Беларус пайваста мавриди ҳимояти Путин будааст.

Ҳатто қабл аз ба қудрат расидани Путин, Лукашенко бо Борис Елсин равобити хубе дошт ба тавре, ки ин ду дар соли 1996 тавофуқномаеро барои идғом ба унвони “Давлати иттиҳодия” имзо карданд, ки ин тавофуқ пас аз солҳо таъвиқ ва музокира, саранҷом дар ноябри 2021 ба мавриди иҷро гузошта шуд ва ин ду давлат 28 барномаро имзо карданд то дар заминаҳои мухталиф ба ҳамкорӣ бо якдигар бипардозанд.

Нақши Беларус дар ҷанги Украина

Мақомоти дифои Иёлоти Муттаҳида борҳо гуфтаанд, ки ҳеҷ далеле барои пайвастани неруҳои Беларус ба таҳоҷуми Путин надидаанд, аммо Беларус дар тули ин ҷанг иқдомоте анҷом додааст, ки амалан дар ҷониби Русия қарор гирифтааст. Дар тӯли зимистон пеш аз ҳамлаи Русия ба Украина, беш аз 30000 сарбози русӣ таҳти унвони тамриноти таълимии муштарак ба Беларус эъзом шуданд. Русия муддаӣ шуда буд, ки ин неруҳо пас аз поёни размоиш дар авохири феврал ба кишварашон боз хоҳанд гашт, аммо ин неруҳо дар 24 феврал ба Украина ҳамла карданд. Илова бар ин Беларус дар тули ҷанги Украина ба бархе аз захмиҳои артиши Русия хадамот дода ва онҳоро дар бемористонҳои худ пазиро шуд. Бино ба иддаои Пентагон мушакҳое низ аз ҷониби Русия ва аз дохили хоки Беларус ба самти Украина шиллик шудааст.

Чашмандози оянда

Русия дар ибтидои ҷанг аз Беларус ба унвони мадхали вуруд ба Украина истифода кард. Аз он замон Русия ба омӯзиши неруҳои низомӣ дар Беларус, тамринҳои муштарак бо артиши Беларус ва шиллики мушак аз ин кишвар ба самти Украина ба унвони бахше аз мавҷи ҳамалоти мушакӣ ба зерсохтҳову шабакаҳои энержии Украина пардохтааст.

Бо вуҷуди ҳамаи инҳо интавр ба назар мерасад, ки нақши Беларус дар ҷанги Украина аз ин ҳад фаротар наравад. Ғайриимкон ба назар мерасад, ки Лукашенко дар ҳоли ҳозир неру ба Украина бифиристад, зеро мардуми Беларус ба шиддат бо ин иқдом мухолиф ҳастанд ва чунин тасмиме сабаб мешавад адами маҳбубияти ӯ дар байни мардуми кишвараш бештар шавад. Назарсанҷии “Chatham House” дар моҳи август нишон дод, ки беш аз 90 дарсади мардуми Беларус мухолифи пайвастан ба ҷанг ба нафъи Русия ҳастанд. Ҳудуди 27 дарсад дар ин назарсанҷӣ аз бетарафии комил дар ҷанг ҳимоят карданд. Бино бар ин артиши Беларус агар рӯзе тасмим ба ҷанг бо Украинаро бигирад бояд аввал бо мардуми худ рӯ дар рӯ шавад. Ҳамчунин ғайриимкон ба назар мерасад, ки Беларус битавонад ҷараёни ҷангро ба нафъи Русия тағйир диҳад. Ин кишвар ба унвони кишварӣ бисёр кучактар аз Украина ва Русия, танҳо ҳудуди 10 ҳазор сарбоз дорад. Чунин қудрате ҳечгоҳ наметавонад тафовуте дар ҷараёни ҷанг байни Украина ва Русия эҷод кунад.

Александр ЛукашенкоБеларусВладимир ПутинРусияУкраина
Comments (0)
Add Comment