Даргирии шадиди ҷавонони фаластинӣ бо саҳюнистҳо

Дар пайи тадовуми таҷовузоти режими палиди саҳюнистӣ ба Ҷинин, ҷавонони фаластинӣ бо баргузории роҳпаймоӣ ва оташ задани чархи мошин дар манотиқи мухталиф, хашми худро нисбат ба ин ҷиноёти Телавив нишон доданд.

Ба гузориши хабаргузории “Фаластин Ал-Явм”, аз бомдоди имрӯз сешанбе, даргириҳо миёни ҷавонони фаластинӣ дар Ал-Халил, Калкилия, Ал-Айсавӣ ва Абудайс дар Қудси ишғолӣ ва дигар манотиқ ба вуқӯъ пайвастааст.

Манобеи маҳаллӣ эълом карданд, ки ин даргириҳо баъд аз он рух дод, ки ҷавонони фаластинӣ дар ҳимоят аз сокинони шаҳр ва урдугоҳи Ҷинин дар баробари таҷовузоти артиши режими палиди саҳюнистӣ, роҳпаймоӣ баргузор карданд.

Ин манобеъ таъкид карданд, ки низомиёни ишғолгар ба самти мӯътаризони фаластинӣ, шиллик карда ва барои мутафарриқ кардани онҳо аз гази ашковар истифода карданд.

Гузоришҳои расонаӣ баёнгари он аст, ки худравҳои имдоди мутааллиқ ба режими ҷинояткори саҳюнистӣ худро ба минтақаи Абудайс расонда ва як низомии саҳюнистии захмиро аз ин минтақа хориҷ карданд.

Дар Ал-Халил низ даргириҳо дар наздикии пули Халҳул ва Бобуззовия шиддат гирифт. Низомёни ҷинояткори саҳюнистӣ бо ҳамла ба манотиқи мухталиф, теъдоде аз ҷавонони фаластиниро боздошт ва ба манотиқи номаълум мунтақил карданд.

Даҳҳо низомии саҳюнист бо таҷҳизоти худ ба минтақаи Битония ва урдугоҳи Ал-Ҷалзон ҳамла бурданд ва даргириҳо миёни онҳо ва сокинони ин манотиқ ба вуқӯъ пайваст.

Неруҳои муқовимат дар Наблус низ ба самти як исти бозрасии низомёни ишғолгари саҳюнистӣ дар шарқи ин шаҳр тирандозӣ карданд.

Ҳамчунин даргириҳои шадиде миёни ҷавонони фаластинӣ ва ишғолгарон дар вурудии минтақаи Бито воқеъ дар ҷануби Наблус ба вуқӯъ пайваст. Тасовири мунташир шуда аз сӯи дурбинҳои хиёбонҳо дар ин минтақа, нишон медиҳад, ки яке аз низомиёни саҳюнист аз тарси ҳадаф қарор гирифтан дар ҷараёни даргириҳои минтақаи Селвон, аз майдон фирор мекунад.

Ҷавонони фаластинӣ ҳамчунин бо оташ задани чархи мошинҳо, масирҳо дар шимоли Қудси ишғолӣ ва донишгоҳи Бирзит дар Ромуллоҳ ва хиёбони Ал-Ҷалзун дар Ал-Бираро бастаанд.

Қудси ишғолӣсаҳюнистҳоФаластини
Comments (0)
Add Comment