Попи Франсис: додани иҷозат барои беҳурматӣ ба Қуръон маҳкум аст

Раҳбари католикҳои ҷаҳон дар вокуниш ба беҳурматӣ алайҳи "Қуръони Карим" зимни эъломи инзиҷор аз ин иқдом, таъкид кард, додани иҷозаи ин кор ғайри оқилона ва маҳкум аст.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, “Попи Франсис” раҳбари католикҳои ҷаҳон ба беҳурматӣ алайҳи “Қуръони Карим” дар Шветсия вокуниш нишон дод.

Асри рӯзи чаҳоршанбе (28 июн), як шветсияӣ ба номи “Салван Момика” (37 сола) дар Стокголм, дар нахустин рӯзи таътилоти иди Қурбон, як нусха аз Қуръонро пора кард ва онро дар масҷиди марказии ин шаҳр ба оташ кашид. Ин иқдом вокуниши шадиди кишварҳои исломӣ ба вижа Ҷумҳурии Исломии Эронро ба думбол дошт.

Тибқи мусоҳибае, ки рӯзномаи “Ал-Иттиҳод”, имрӯз (душанбе), онро мунташир карда, раҳбари католикҳои ҷаҳон дар ин бора гуфт: «аз ин корҳо эҳсоси хашм ва инзиҷор мекунам.»

Попи Франсис изофа кард: «ҳар китобе, ки пайравонаш онро муқаддас медонанд бояд бо эҳтиром ба муъминони он китоб мавриди эҳтиром қарор гирад. Ҳаргиз набояд аз озодии баён ба унвони баҳонае барои таҳқири дигарон истифода кард ва додани иҷоза ба ин кор, мардуд ва маҳкум аст.»

Беҳурматӣ ба Қуръони Карим пас аз судури иҷозаи анҷоми ин кор аз тарафи полиси Шветсия анҷом шуд. Ин иқдом бо маҳкумияти шадиди кишварҳои арабӣ ва исломӣ ҳамроҳ шуд ва ҳамагӣ хостори ҷилавгирӣ аз мазоҳири исломҳаросӣ шуданд.

Ҳазорон нафар аз мардуми кишварҳои исломӣ дар вокуниш ба ҳатки ҳурмати Қуръони Карим таҷаммӯъи эътирозӣ ва тазоҳуроти густурда барпо карданд. Садҳо нафар аз мардуми Ҷумҳурии Исломии Эрон бо таҷаммӯъ муқобили сафорати Шветсия, иҳонат ба китоби мусулмононро маҳкум карданд.

Созмони ҳамкории исломӣ низ рӯзи гузашта дар нишасти фавқулодда зимни маҳкумияти ин иқдом, хостори иттихози тадобири ҷамъӣ барои ҷилавгирӣ аз  беҳурматӣ ба Қуръони Карим ва иҳонат ба Паёмбари Азимушшаъни Ислом шуд.

беҳурматӣбеҳурматӣ ба ҚуръонҚуръони КаримПопи Франсис
Comments (0)
Add Comment