Такмили фарояндаи узвияти Эрон дар СҲШ

Узвияти расмии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Созмони Ҳамкории Шанхай дар нишасти ояндаи ин созмон дар 4 июл такмил мешавад.

Жанг Минг дабири кулли Созмони Ҳамкории Шанхай рӯзи ҷумъа дар гуфтугӯи телефонӣ бо Ҳусейн Амирабдуллоҳиён вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон зимни ибрози хурсанди аз узвияти комили Эрон дар ин созмон таъкид кард: Узвияти комили Эрон дар нишасти ояндаи ин созмон ба сурати расмӣ эълон хоҳад шуд ва аз таърихи 4 июл Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ҳамаи ҳуқуқи марбут ба кишварҳои узви созмон бархурдор хоҳад буд.

Ҳафтаи гузашта низ Бахтиёр Ҳакимов намояндаи раёсати Ҷумҳурии Русия дар умури СҲШ гуфта буд Ҷумҳурии Исломии Эрон мароҳили лозим барои узвияти комилро анҷом дода аст ва Эрон дар иҷлоси оянда, ки аз тариқи видеоконфронси дар Деҳлии Нав баргузор мешавад ба унвони узви комил пазируфта хоҳад шуд.

Созмони Ҳамкории Шанхай ки дар соли 2001 таъсис шуд як иттиҳодияи байниқораи аст, ки бар ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ мутамаркиз аст ин созмон зимни дарбаргирии тақрибан 40 дарсад аз ҷамъияти ҷаҳон 28 дарсад аз тавлиди нохолиси дохилии ҷаҳонро ташкил медиҳад.

Имруза узвият дар созмонҳои назири шанхай ки илова бар авоиби иқтисоди қобили таваҷуҳ абъоди сиёсӣ ва амниятии хоси худро низ дорад барои кишварҳо бисёр ҳоизи аҳамият аст чаро ки узвият дар созмонҳои байналмилалӣ ба густариши зарфиятҳои иқтсиодии кишварҳо ва ҳамчунин афзоиши таъомулоти чандҷонибаи байналмилалӣ кумак мекунад.

Бо таваҷҷуҳ ба ин ки таъомул ва пайвастаги бо кишварҳои минтақа аз ҷумла кишварҳои узви СҲШ ва ҳузури муассир дар тартиботи минтақаӣ ва байналмилалӣ дар конуни сиёсати хориҷии давлати сездаҳуми Ҷумҳурии Исиломии Эрон қарор дорад лизо давлати Эрон дар ду соли гузашта дар ростои беҳбуди равобит бо кишварҳои узви ин созмон иқдомоти ҷиддии дипломотиро дар авлавияти худ қарор дод ва тавнист мувофиқати ҳамаи аъзои шанхайро ҷалб кунад дар ҳамин чорчуб Сайид Иброҳими Раисӣ раисҷумҳури Исломии Эрон дар моҳи декабри соли 2021 бо сафар ба Тоҷикистон ва ҳузур дар бистякумин иҷлоси сарони СҲШ тавонист муҷавизи тағири узвияти Эрон дар ин созмон аз нозир ба доимро дарёфт кунад.

Бадеҳи аст ки ниҳои шудан ва узвияти комли Эрон дар СҲШ аз ҷанбаҳои мухталифи сиёсӣ ва иқтисодӣ ҳоизи аҳамият аст чаро ки аз ин пас Ҷумҳурии Исломии Эрон ба унвони яке аз аъзои доим ва аслии СҲШ фазои муносиби барои таъмулоти байналмилалӣ дар бахшҳои сиёсӣ, амниятӣ, иқтсиодӣ, бозаргонӣ, пули ва бонки ба даст меоварад ин дар ҳоле аст ки Эрон таҳти таҳримҳои якҷониба ва ғайриқонунии Амрико қарор дорад ва ба ҳамин далел узвияти комил дар шанхай илова бар мазоёи иқтисоди барои Эрон шикасти барои Амрико ва сиёсатҳои ин кишвар дар мунзави кардани Ҷумҳурии Исломии Эрон низ арзёби хоҳад шуд.

Бино бар ин ҳузури Эрон дар СҲШ аҳамияти ва ҷойгоҳи ин созмонро дар муносиботи байналмилалӣ ифо хоҳад дод Ҳусейн Амирабдуллоҳиён вазири умури хориҷаи Эрон низ дар гуфтугуи телефонӣ бо дабири кулли СҲШ бо ишора ба ин мавзуъ изҳор дошт: Бовари дорам ки узвияти ниҳоӣ Эрон як зарфияти ҷадид ва фазоянда дар ихтиёри СҲШ қарор хоҳад дод.

Бахтиёр ҲакимовЖанг МингСайид Иброҳими РаисӣСҲШҲусейн АмирабдуллоҳиёнЭрон
Comments (0)
Add Comment