Муфтии Уммон хостори таҳрими колоҳои шветсияӣ шуд

Муфтии Уммон дар вокуниш ба беҳурматӣ ба Қуръони Карим дар Шветсия, мусулмонони ҷаҳонро ба таҳрими колоҳои шветсияӣ фарохонд.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, “Аҳмад бин Ҳамад ал-Халилӣ” муфтии Уммон ба беҳурматии Қуръони Карим дар Шветсия вокуниш нишон дод.

Асри чаҳоршанбе гузашта (28 июн), як шветсияӣ ба номи “Салван Момика”-и (37 сола) дар Стокголм, дар нахустин рӯзи таътилоти иди саъиди Қурбон, як нусха аз Қуръонро пора кард ва онро дар масҷиди марказии ин шаҳр ба оташ кашид.

Муфтии Уммон таъкид кард: «мусулмонон дар шарқ ва ғарби ҷаҳон бояд бо ин ҷиноят муқобила кунанд ва камтарин коре, ки бояд дар баробари ин ҷинояти бузург анҷом диҳанд, таҳрими комили тавлидот ва колоҳои шветсияӣ аст».

Ба навиштаи вебгоҳи “Ал-Халиҷ онлайн”, муфтии Уммон ҳамчунин ҳамаи тарафҳои исломӣ аамми аз давлатӣ, ниҳодҳо ё ҳар мусулмонеро, ки муомилоти тиҷорӣ ва молӣ бо Шветсия дорад, ба лағви ин муомилот даъват кард.

Қуръони КаримМуфтии УммонУммонШветсия
Comments (0)
Add Comment