Тоҷикистон ва Қатар шӯрои муштараки корофаринон таъсис мекунанд

Утоқҳои бозаргонӣ ва саноати Тоҷикистон ва Қатар дар Доҳа тавофуқномаҳое дар заминаи эҷоди шӯрои муштараки корофаринони ду кишвар имзо карданд.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, Тоҷикистон ва Қатар тавофуқномаеро дар заминаи эҷоди шӯрои муштараки корофаринони ду кишвар имзо карданд.

Сафорати кишварамон Тоҷикистон дар Қатар бо эъломи ин хабар гуфт, ки санади мазкур дар чорчуби дидори “Ҷамшед Ҷумъахонзода” раиси утоқи бозаргонӣ ва саноати Тоҷикистон ва “Алӣ бин Аҳмад ал-Квари” муовини аввали утоқи бозаргонӣ ва саноати Қатар имзо шуд.

Ду тараф тайи ин дидор ҳамчунин роҳҳои тақвият ва густариши ҳамкорӣ дар заминаҳои тиҷорӣ ва иқтисодӣ, саноат ва сармоягузориро мавриди баҳс ва баррасӣ қарор доданд.

Дар ин росто, эҷоди абзорҳои муассири ҳамкории мутақобили судманд байни бахшҳои хусусии ду кишвар баррасӣ шуд.

ДоҳакорофаринонТоҷикистон ва Қатар
Comments (0)
Add Comment