Созмондиҳандагони кудитои мусаллаҳона ба кишвар ва мардум хиёнат карданд

Раиси ҷумҳури Русия дар суханронии сарнавиштсози худ дар Кохи риёсати ҷумҳурии Русия зимни ташаккур аз сарбозони ин кишвар ва ҳамчунин сарбозони гурӯҳи Вагнер созмондиҳандагони кудитои мусаллаҳона дар ин кишварро хоин хонд.

Раис ҷумҳури Русия суханронии худро бо таъкид бар зарурати ваҳдат дар саросари Русия оғоз кард ва гуфт: ваҳдати зиёде дар ҷомеа вуҷуд дорад ва ин мавқеият бо дифоъ аз қонуни асосӣ ва низом собит шудааст. Вай гуфт: мо дар ҳар сурат кудитои мусаллаҳонаро нобуд мекардем.

Раиси ҷумҳури Русия идома дод: «касоне ҳастанд, ки муртакиби аъмоли ҷинояткоронае шуданд ва иқдомоти онҳо боиси таҷзияи ҷомеа шуд, дар воқеъ созмондиҳандагони кудито ба кишвар ва мардум хиёнат карданд. Хунрезӣ байни бародарон танҳо чизе аст, ки нозиҳо дар Киев мехоҳанд то Русия дар масири худ шикаст бихӯрад.»

Владимир Путин афзуд: амнияти давлатӣ ва полис дар канори ҷомеа истоданд ва халабонони кушта шуда манофеи Русияро ҳифз карданд.

Путин дар бораи гурӯҳи Вагнер низ гуфт: авомили Вагнер меҳан параст буданд ва сарзаминҳои мутааллиқ ба меҳанро озод карданд. Душманони Русия ва миллатгароёни ифротӣ дар Киев мехостанд сарбозон дар кишвари мо якдигарро бикушанд, ҳарчанд аксари муборизони Вагнер меҳан параст ва вафодор ба кишвари худ ҳастанд ва инро бо озодсозии Донбасс собит карданд.

Раиси ҷумҳури Русия дар идома дар бораи гурӯҳи Вагнер гуфт: аносири Вагнер низ меҳан парастоне буданд, ки дар амалиёти озодии сарзаминҳои озод шудаи мутааллиқ ба кишвар шарик буданд, аммо яке аз онҳо саъй кард аз сарбозони Вагнер дар як амалиёти торик истифода кунад.

Ман аз сарбозон ва раҳбарони Вагнер ба хотири тасмимашон барои хунрезӣ накардан ташаккур мекунам ва имрӯз ин фурсатро доранд, ки бо вазорати дифоъ қарордод бибанданд. Авомили Вагнер метавонанд бо вазорати дифоъ қарордод бибанданд ё ба Беларус бираванд. Мо ба ҳар касе, ки иштибоҳ кард фурсат додем. Мо метавонем бар ҳар лаҳзаи душворе, ки кишварамон мегузарад ғалаба кунем.

Владимир Путин ҳамчунин афзуд: аххозиҳо ва талошҳое барои тартиб додани нооромиҳои дохилӣ вуҷуд дошт, аммо онҳо маҳкум ба шикаст буданд. Созмондиҳандагони қиёми мусаллаҳона ба кишвар ва мардум хиёнат карданд. Шӯришён мехостанд сарбозони мо якдигарро бикушанд ва ин ҳамон чизе аст, ки Киев мехост.

Путин дар суханронии худ хитоб ба миллати Русия низ гуфт: мардум, аҳзоб, созмонҳои мазҳабӣ ва ҷомеа дар кул дар ҳимоят аз назми қонуни асосӣ мавзеъи қотеъонае иттихоз кардаанд.

Суханронии раиси ҷумҳури Русия, ки ба сурати телевизионӣ пахш шуд, ду рӯз пас аз поён ёфтани ошуби Вагнер дар Русия сурат гирифт. Ошубе, ки бархе онро шӯриш ва бархе дигар онро кудито хонданд ва бо эъломи ҷанги гурӯҳи Вагнер алайҳи Маскав оғоз шуд, аммо пас аз 24 соат фармондеҳи гурӯҳи шибҳи низомиёни Вагнер бо васотати раиси ҷумҳури Беларус поёни даргириҳо ва интиқоли неруҳои худ ба Беларусро пазируфт.

Пеш аз оғози суханронии раиси ҷумҳури Русия, сухангӯи Кремл ба хабарнигорон эълом карда буд, ки раиси ҷумҳур Владимир Путин ба зудӣ дар суханронии худ маҷмӯае аз тасмимоти муҳим ва сарнавиштсозро эълом хоҳад кард.

БеларусВагнерВладимир ПутинКудитоРусияХиёнат
Comments (0)
Add Comment