Лукашенко фурӯпошии Русияро баробар бо нобудии ҳама хонд

Раисҷумҳури Беларус бар ин назар аст, ки дар сурати ноором шудани вазъ дар Федератсияи Русия Ғарб аз он барои мақсадҳои худ истифода мекард.

Агар Русия дучори фурӯпошӣ шавад, оқибатҳои фалокатбори он ба ҳама таъсир хоҳад кард.

Дар ин бора президенти Беларус, Александр Лукашенко зимни як изҳороташ дар пайи ҳаводиси ахир изҳор дошт

Ӯ изҳор дошт, ки Ғарб бешубҳа аз нооромиҳо дар Федератсияи Русия барои мақсадҳои худ истифода хоҳад кард, агар амали ЧВК “Вагнер” ба он оварда мерасонд.

“Бадтарин чиз ин аст, ки агар нооромиҳо рӯй медод, Ғарб дарҳол аз он истифода мекард”,- афзуд Лукашенко.

Ёдовар мешавем, ки шаби шанбе 24 июн дар Ростови лаби Дон штаби ҳавзаи ҳарбии ҷанубиро ЧВК “Вагнер” ишғол кард.

Ин дар пасманзари изҳороти Евгений Пригожин дар бораи ҳамлаҳои мушакӣ ва бомбаборони Қувваҳои Мусаллаҳи Русия ба лагерҳои “Вагнер” рух дод – инро ҳам вазорати дифоъ ва ҳам ФСБ рад карданд.

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, амали шӯришиёнро як моҷароҷӯии ҷиноӣ, корд ба пушти Русия ва хиёнат номид, ки боиси шӯҳратпарастӣ ва манфиатҳои шахсӣ шуд.

Александр ЛукашенкоБеларусРусияфурӯпошии Русия
Comments (0)
Add Comment