Паёми Оятуллоҳ Хоманаӣ ба муносибати оғози маросими Ҳаҷ

Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари инқилоби исломии Эрон, дар паёми худ ба муносибати оғози маросими бузурги Ҳаҷ, ба ваҳдату маънавият таъкид кард.

Ба нақл аз сомонаи Russian.khamenei.ir Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари инқилоби исломии Эрон дар паёме ба муносибати оғози маросими Ҳаҷ, ойини Ҳаҷро як даъвати ҷаҳонӣ барои рушди инсонҳо ва заминасози таъқвияти маънавӣ ва ахлоқии башарият хонд ва таъкид кард: “шарти лозими асаргузории ҷаҳонии Ҳаҷ, дарк ва шинохти саҳеҳи уммати исломӣ аз хитоби зиндагибахши ин фаризаи пуррамзу роз бар мабнои ду рукни “ваҳдат ва “маънавият” аст.

Раҳбари инқилоби исломии Эрон уммати исломиро ба маънои гуфтугӯ, иртиботи фикрӣ ва амалӣ, ҳамафзоӣ ва наздик шудани ҷиҳатгириҳо, ҳамкорӣ ва пайванди иқтисодии кишварҳои исломӣ хонд ва афзуд: “паҳлуи дигари ин ваҳдат, гуфтугӯи уламои мазоҳиби исломӣ бар мабнои ҳусни зан ва мудоро ва инсоф ва иртиботи танготанги нухбагони кишварҳои мусулмон аст.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ дар бораи ваҳдат ин нуктаро ҳам ёдовар шуд, ки пешравони сиёсӣ ва фарҳангии кишварҳои исломӣ бояд ҳамоҳанг бо якдигар худро омодаи шароити назми ҷаҳонии пеши рӯ кунанд то уммати исломӣ ҷойгоҳи шоистаи худро бозёбад ва таҷрибаи талхи муҳандисии сиёсӣ ва сарзаминӣ пас аз Ҷанги ҷаҳонии аввал такрор нашавад.

Эшон “маънавӣт”-ро, ки яке дигар аз ду рукни асаргузори нидои ҷаҳонии Ҳаҷ аст, ба маънои рушди ахлоқи динӣ ва муқобила бо афсуни ахлоқ ва парҳез дини ғарбиҳо донист ва изҳор дошт: “имрӯз, ки ваҳдат ва маънавияти уммати исломӣ ба далели мухолифати Амрико ва дигар қутбҳои султаи истикбор бо тафоҳуми кишварҳои мусулмон ва тадайюн ва ташрруъи насли ҷавони ин кишварҳо, беш аз гузашта дар маърази душманӣ аст, вазифаи ҳамаи миллатҳо ва давлатҳои мусулмон, муқобила бо ин нақшаи хабосатолӯд аст.

Раҳбари инқилоби исломии Эрон дар поёни паёми худ ба муносибати маросими бузурги Ҳаҷ, уммати исломиро ба тақвияти рӯҳияи безорӣ аз мушрикон ва нашру тақвияти он дар муҳити зиндагӣ тавсия кард.

Матни паёми эшон ба шарҳе зер аст:

Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим

Вал-ҳамду лиллоҳи Раббил олмин ва саллаллоҳу ал-ар-Расулил аъзам Муҳаммадинил Мустафо ва олиҳ-ит-таййибин ва саҳбиҳил мунтаҷабин.

Салои иброҳимии Ҳаҷ ва фарохони ҷаҳонии он, бори дигар аз дили таърих, ҳамаи гетиро мухотаб сохт ва дилҳои мустаид ва зокирро ба шӯру шавқ афканд. Нидои даъваткунанда, хитоб ба ҳамаи оҳоди башар аст: “وَ أَذِّنْ فِي النَّاسِ بِالْحَجِّ (ва дар миёни мардум ба адои маносики Ҳаҷ эълон кун), ва Каъба, мизбони муборак ва раҳнамои ҳамаи инсонҳо аст: إِنَّ أَوَّلَ بَيْتٍ وُضِعَ لِلنَّاسِ لَلَّذِي بِبَكَّةَ مُبَارَكًا وَهُدًى لِلْعَالَمِينَ (дар ҳақиқат нахустин хонае, ки барои (ибодати) мардум ниҳода шудааст, ҳамон аст, ки дар Макка аст ва муборак аст ва барои ҷаҳониён ҳам мояи ҳидят аст).

Каъба ба унвони нуқтаи марказӣ ва меҳвари аслии таваҷҷуҳоти оҳоди мусулмонон, ва ойини Ҳаҷ ҳамчун намунаи кӯчак аз густараи мутанаввеи дунёи Ислом, метавонад дар хидмати рушди ҷомеаи башарӣ ва саломату амнияти ҳамаи инсонҳо бошад. Ҳаҷ метавонад ба кулли башарият, эътилои маънавӣ ва иртиқои рӯҳӣ ва ахлоқӣ бирасонад; ва ин, ниёзи ҳаётии башари имрӯз аст. Ҳаҷ метавонад ҳамаи барномаҳои истикбор ва саҳюнисм барои суқути ахлоқи башари имрӯз ва фардоро ботил ва беасар кунад.

Шарти лозим барои ин асаргузории ҷаҳонӣ, он аст, ки мусулмонон дар гоми нахуст, хитоби зиндагибахши Ҳаҷро худ ба дурустӣ бишнаванд ва ҳамаи ҳиммати худро барои амалӣ кардани он ба кор гиранд. Ду пояи асли ин хитоб, “ваҳдат” ва “маънавият” аст. Ваҳдат ва маънавият, зомини иртиқои моддӣ ва маънавии ҷаҳони Ислом ва нурафшонии он ба ҳамаи гетӣ аст.

Ваҳдат ба маънои иртиботи фикрӣ ва амалӣ аст; ба маънои наздик шудани дилҳо ва андешаҳо ва ҷиҳатгириҳо аст; ба маънои ҳамафзоии илмӣ ва таҷрибӣ аст; ба маънои пайванди иқтисодии кишварҳои исломӣ аст; ба маънои эътимод ва ҳамкории давлатҳои мусулмон аст; ба маънои ҳамёрӣ дар баробари душманони мусаллам ва муштарак аст.

Ваҳдат ба ин маъно аст, ки нақшаи тарроҳишудаи душман натавонад фирқаҳои исломӣ, ё миллатҳо ва нажодҳо ва забонҳо ва фарҳангҳои мутанаввеи ҷаҳони Исломро дар баробари якдигар қарор диҳад. Ваҳдат ба ин маъно аст, ки миллатҳои мусулмон якдигарро, на аз роҳи муаррифии фитнаангези душман, балки аз роҳи иртибот ва гуфтугӯ ва рафту омад бишносанд; аз имконот ва зарфиятҳои якдигар огоҳ шаванд ва барои баҳрабардорӣ аз он барномарезӣ кунанд. Ваҳдат ба ин маъно аст, ки донишмандон ва донишгоҳҳои ҷаҳони Ислом даст дар дасти якдигар ниҳанд; уламои мазоҳиби исломӣ бо ҳусни зан ва мудоро ва инсоф ба якдигар бингранд ва суханони якдигарро бишнаванд; нухбагон дар ҳар кишвар ва ҳар мазҳаб, оҳоди мардумро бо муштаракоти якдигар ошно ва ононро ба ҳамзистӣ ва бародарӣ ташвеқ кунанд.

Ваҳдат ҳамчунин ба ин маъно аст, ки пешравони сиёсӣ ва фарҳанг дар кишварҳои исломӣ, ба гунаи ҳамоҳанг, худро омодаи шароити назми ҷаҳонии пеши рӯ кунанд; ҷойгоҳи шоистаи уммати исломиро дар таҷрибаи ҷадиди ҷаҳон, ки саршор аз фурсатҳо ва таҳдидҳо аст, ба дасти худ ва ба иродаи худ таъйин кунанд; нагузоранд таҷрибаи талхи “муҳандисии сиёсӣ ва сарзаминии ғарби Осиё ба дасти давлатҳои ғарбӣ пас аз Ҷанги ҷаҳонии аввал” такрор шавад.

Маънавият ба маънои иртиқои ахлоқи динӣ аст. Афсуни ахлоқ минҳои дин, ки муддатҳо аз сӯи манобеи фикрии ғарбӣ тарвиҷ мешуд, саранҷомаш ҳамин суқути бемаҳори ахлоқӣ дар ғарб аст, ки ҳама дар дунё шоҳиди онанд. Маънавият ва ахлоқро аз маносики Ҳаҷ, аз соддазистӣ дар эҳром, аз нафйи имтиёзҳҳои мавҳум, аз «وَأَطْعِمُوا الْبَائِسَ الْفَقِيرَ» (пас фақиронро ҳам аз қурбониҳо таом диҳед), аз «لَا رَفَثَ وَلَا فُسُوقَ وَلَا جِدَالَ فِي الْحَجِّ» (Дар Ҳаҷ на кори зишту на фисқ ва на муҷодалае вуҷуд дорад), аз гардиши ҳамаи уммат бар гирд меҳвари тавҳид, аз рамйи шайтон ва безорӣ аз мушрикон бояд омӯхт.

Бародарон ва хоҳарони ҳаҷгузор! Аз фурсати Ҳаҷ барои тадаббур ва тааммуқ дар розу рамзҳои ин фаризаи беназир баҳра гиред ва тӯшаи ҳамаи умри худ созед. Ваҳдат ва маънавият дар ин мақтаъи замон беш аз гузашта дар маърази душманӣ ва коршикании истикбор ва саҳюнисм аст. Амрико ва дигар қутбҳои султаи истикборӣ, бо ваҳдати мусулмонон, бо тафоҳуми миллатҳо ва кишварҳо ва давлатҳои мусулмон ва бо тадайюн ва ташарръи насли ҷавон ин миллатҳо ба шиддат мухолифанд ва бо ҳар васила битавонанд бо он муқобила мекунанд. Вазифаи ҳамаи мо ва ҳамаи миллатҳо ва давлатҳои мо истодагӣ дар баробари ин нақшаи хабосатолӯди амрикоӣ ва саҳюнистӣ аст.

Аз Худованди Алиму Қадир кумак бихоҳед; рӯҳияи безорӣ аз мушриконро дар худ тақвият кунед; ва худро ба нашр ва умқбахшии он дар муҳити зиндагии худ муваззаф бидонед.

Тавфиқи ҳамагон ва Ҳаҷҷи мақбул ва мушкурро барои шумо ҳоҷиёни эронӣ ва ғайриэронӣ аз Худованди Мутаол масъалат мекунам ва дуои мустаҷоби ҳазрати Бақиятуллоҳ (аҷ)-ро барои ҳамагон орзӯ менамоям.

Вассалому алайкум ва раҳматуллоҳ

Шашуми зилҳиҷҷаи 1444

ВаҳдатҚуръони КариммаънавиятОятуллоҳ Хоманаӣҳаҷ
Comments (0)
Add Comment