Аввалин ҳузури вазири дифои Русия дар анзори умумӣ пас аз ошӯби Вагнер

Вазири дифои Русия дар аввалин ҳузур дар анзори умумӣ пас аз ошӯби "Вагнер", аз хатти муқаддами ҷанги Украина боздид кард.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, дар шароите, ки изҳориназрҳо дар бораи ошӯби гурӯҳи Вагнер идома дорад, Сергей Шойгу, вазири дифои Русия бо неруҳои ин кишвар дар Украина дидор кард.

Вазири дифои Русия барои аввалин бор баъд аз ошӯби гурӯҳи Вагнер дар анзори умумӣ зоҳир шуд ва зимни ҳузур дар хатти муқаддами ҷанг, бо неруҳои низомии Русия мустақар дар Украина боздид кард.

Ба гузориши хабаргузории Рейтер, ҳузури вазири дифои Русия дар хатти муқаддами ҷанги Украина дар шароите анҷом шуда, ки танишҳо байни ӯ ва “Евгений Пригожин”, раиси гурӯҳи Вагнер тайи ҳафтаҳои ахир борҳо хабарсоз шуда буд ва шӯриши ин гурӯҳро дар пай дошт.

Расонаҳои давлатии Русия аз қабил хабаргузории “РИА новости”, зимни интишори хабари боздиди майдонии Сергей Шойгу аз неруҳои ин кишвар дар минтақаи ғарби Украина, тавзеҳоти бештаре дар бораи замони дақиқи ин боздид ироа надоданд.

Бино бар гузориши Рейтер, боздиди майдонии вазири дифои Русия аз хатти муқаддами ҷанги Украина нишон медиҳад, ки ӯ ҳанӯз дар мансаби худ боқӣ аст.

Евгений Пригожин, мудири Вагнер тайи ҳафтаҳои ахир борҳо интиқодоти шадиде алайҳи Сергей Шойгу дар робита бо ҷанги Украина матраҳ карда буд. Пас аз оғози ошӯби гурӯҳи Вагнер ва ҳаракати онҳо ба самти дохили хоки Русия, Пригожин гуфта буд, ки Шойгу бояд дар майдони сурхи Маскав ба дор овихта ва дар канори Ленин дафн шавад.

Ошӯби гурӯҳи Вагнер бо миёнҷигарии Александр Лукашенко раиси ҷумҳури Беларус поён ёфт. Тибқи тавофуқи сурат гирифта, шӯришёни Вагнер дар изои бозгашт ба урдугоҳҳояшон, аз пайгарди қазоӣ мавсун монданд.

Хабаргузории Рейтер дар гузориши худ муддаӣ шуд, мушаххас нест, ки оё Владимир Путин раиси ҷумҳури Русия ҳам мувофиқат карда бошад, ки сарони вазорати дифоъ ва артиши ин кишварро тағйир диҳад ё имтиёзоти дигаре дода бошад.

Боздиди майдонии Сергей Шойгу вазири дифои Русия аз вазъияти неруҳои ин кишвар дар ҷанги Украина, масбуқ ба собиқааст, аммо ин боздид, ба далели инки баъд аз ошӯби гурӯҳи Вагнер сурат гирифта, хабарсоз шудааст.

Вагнерошӯби гурӯҳи ВагнерСергей ШойгуУкраина
Comments (0)
Add Comment