Теҳрон мизбони вазири умури хориҷаи Арабистон

Вазири хориҷаи Арабистон дар посӯх ба даъвати вазири умури хориҷаи Ҷумҳӯри Исломии Эрон дирӯз (шанбе) ба Теҳрон сафар кард. Ҷумҳӯрии Исломии Эрон ва Арабистони Саъудӣ 10-уми март дар шаҳри Пекин тавофуқ карданд зарфи ҳадди аксар ду моҳ равобити дипламатики худро аз сар гирфта ва сафоратхонаҳо ва намояндагиҳоро бозгушоӣ кунанд.

Аз он замон то кунун, Ҳусайн Амир Абдуллоҳиён вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Фейсал бин Фарҳон, вазири умури хориҷаи Арабистон як бор дар Пекин ва дуввумин бор дар Кейптаун дидор карданд ва вазири хориҷаи Арабистон эълон карда буд, ки ба зудӣ ба Теҳрон сафар мекунад. Дар ин муддат тағироти умдае дар муъодилоти минтақаӣ ва фароминтақаӣ марбут ба ҳар кадом кишвар Эрон ва Арабистон шакл гирифт ва талошҳои худр дар қолаби гуфтугӯ бо давлати Яманро шиддат бахишааст. Ҳамзамон, кишварҳои арабии минтақа аз тамоили худ барои беҳбӯди равобит бо Ҷумҳӯри Исломии Эрон хабар доданд ва акнун талошҳо барои оддисози равобити Эрон ва Миср ва Баҳрайн ҳам аз каналҳои мухталифҷе ҳамчун Ироқ ва Умммон дар ҷараён аст.

Ҳасан Ҳонизода, коршиноси масоили минтақа дар ин замина мегӯяд: Сафари вазири хориҷаи Арабистон ба Теҳрон пас аз ҳафт сол таниш дар равобити дукишвар нишонаи рӯйкарди ҷаддиди кишвари Арабистон барои эҷоди ҳамгароии минтақа аст. Арабистон дар тӯли солҳои гузашта ба вижа дар замони таниш бо Эрон мутаҳамили ҳазинаҳои инсонӣ ва молии сангине шуда аст ва дар ҷанги Яман Арабистон 350 миллиард доллар ҳазинаи молӣ барои худ ба бор оварда ва дар бӯҳрони Сурия низ 80 миллиард доллар ба гурӯҳакҳои террористӣ кумаки молӣ кардааст, ки албатта ин кумаки молӣ ба дастури Амрико будааст.

Возеъ аст, ки беҳбӯди равобити Эрон ва Арабистон ба унвони ду қудрати бузурги нафтӣ ва ҳамчунин дукишвари муҳими исломӣ, илова бар шаклдиҳи барои муъодилоти ҷаддиди сиёсӣ ва иқтисодӣ байни дукишвар, метавон мунҷар ба густариши субот ва амният дар минтақа шавад ва ба ҳалу фасли буҳронҳо дар кишварҳое назири Сурия ва Яман, кумак кунад.

Дар ин ҳол, беҳбӯди муносиботи Эрон ва кишварҳои арабии минтақа аз ҷумла Арабистон, шикасте барои сиёсатҳои Амрико ва режими саҳюнистӣ дар мунзави кардани Эрон низ маҳсуб мешавад. Инзивои сиёсии Эрон яке аз стратежии зидди эронии Амрико ва режими саҳюнистӣ аст, ки дар соҳои ахир та шиддат дар маҷомеъи минтақаӣ ва байналмиллалӣ пайгири шудааст. Ин мавзӯъ ба қудрати муҳиме аст, ки ҳатто Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ҳам дар суханронии Наврӯзии худ дар Машҳад ба он ишора карда фармуданд: Ғарбиҳо фишор аварданд, ки Эронро мунзавӣ кунанд, аммо он чӣ иттифоқ афтод, натиҷаи баракс дод.

Нуктаи муҳими дигар, тазъиф мавқеъият ва ҷойгоҳи минтақаии режими саҳюнистӣ аст, вокунишҳои тунди мақомоти саҳюнист ба бебӯди равобити Эрон ва Арабистон низ нишон диҳандаи нигаронии саҳюнистҳо аз тазъифи мавқеъияти ин режим дар минтақа аст чаро, ки ҳалқаи шуракои ин режимро тангтар мекунад, ба ҳамин далел вазири асбақи ҷанги режими саҳюнистӣ эҳёи муносиботи Эрон ва Арабистонро як шикатс барои сиёсати хориҷаи Исроил донистааст.

Бинобарин, аз саргирии равоти сиёсии Эрон ва Арабистонро бояд як нуқтаи атфи муҳим дар таҳавуллоти минтақаӣ ва байналмиллалӣ донист. Акнун Эрон ва Арабистон ба унвони ду қутби минтақаӣ дар масири коҳиши танишҳо дар минтақа ва таърифи пружаҳои муштарак дар равобити дуҷониба қарор доранд ва сафари Фейсало бин Фарҳон, ба Теҳрон низ дар ҳамин чорчӯб қобили арзёбӣ аст, сафаре, ки ба гуфтаи бархе манобеъи араби ҳамроҳ бо паёме аз тарафи “Малик Салмон” шоҳи Арабистон барои Сайид Иброҳим Раисӣ, Раиси Ҷумҳӯрии Исломии Эрон дар чиҳати тавсиаи равобит ҳамроҳ аст.

АмрикоАрабистонравобитФейсал бин ФарҳонҲусайн Амир АбдуллоҳиёнЭрон
Comments (0)
Add Comment