Боздошти Суҳроб Давлатов, варзишгари маъруфи тоҷик дар Екатеринбург

Додгоҳи шаҳри Екатеринбург Суҳроб Давлатов, варзишгари маъруфи муҳорибаи тан ба танро, ки баъди ширкат дар занозании байни тоҷикон ва кушта шудани 2 нафар ба Челябинск фирор карда буд, ба ҳабси пешакӣ гирифт.

Додгоҳи шаҳри Екатеринбург Суҳроб Давлатов, варзишгари маъруфи муҳорибаи тан ба танро, ки баъди ширкат дар занозании байни тоҷикон ва кушта шудани 2 нафар ба Челябинск фирор карда буд, ба ҳабси пешакӣ гирифт. Ба ӯ аз 8 то 20 сол ё ҳатто ҳабси абад таҳдид мекунад.

Як манбаъи “Паём”, ки дар додгоҳ ҳузур доштааст, гуфт Давлатов ба ширкаташ дар занозанӣ эътироф карда, аммо гуфтааст ба касе корд назад.

Давлатов гуфтааст:

“Агар корд мезадам, худам эҳсос мекардам”.

Аммо додгоҳ ҳарфҳои ӯро мухолиф бо шавоҳид дониста, қарори ҳабси пешакиашро содир намуд.

Додгоҳ маҳз Суҳроб Давлатов ва Нурзодаро дар кордзанӣ гунаҳкор меҳисобад.

Як нафар ҳамдасти ӯ ҳам, ки аз ӯ Нурзода ном бурда мешавад ва ба Қазоқистон фирор карда буд, онҷо дастгир шудааст ва гуфта мешавад рӯзҳои наздик ба Русия истирдод хоҳад шуд.

Вай гуфт:

Манбаъ бо истинод ба баёноти Давлатов гуфт муноқиша барои пули мошине, ки як тоҷик ба тоҷики дигар фурӯхтааст сар задааст. “Ба назар мерасад Суҳробро барои “разбор” бурда буданд”.

Ҳарду нафари кушташуда, ки расонаҳо аз онҳо Темур Исмоилов ва Ҳофиз Ниёззода ном мебаранд, ба гуфтаи манбаъ аз ноҳияи Мастчо будаанд ва ба зудӣ ҷасадҳояшон ба ватан фиристода хоҳад шуд.

Гуфта мешавад дар ин занозанӣ 17 нафари дигар даст доштанд, ки ба ҳамаи онҳо хатари истирдод ба Тоҷикистон ва манъи умрбоди вуруд ба Русия таҳдид мекунад.

Чуноне ки қаблан дар хабарҳо омада буд, рӯзи 12-уми июн дар шаҳри Екатеринбурги Русия байни муҳоҷирони тоҷик задухӯрд рух дода буд, ки дар натиҷаи он ду нафар аз зарбаҳои корд ҳалок шуда буданд. Ҷасади онҳоро мардуми маҳаллӣ дида, ба мақомот хабар медиҳанд. Баъди санҷиш муайян мешавад, ки муноқиша барои пул сар зада, ҳамаи онҳо дар як сохтмон кор мекардаанд.

Ҳамчунин яке аз онҳо Суҳроб Давлатов, варзишгари собиқи муҳорибаи тан ба тан (бой без правил) буда, бо як нафари дигар ба қатли кушташудагон гумонбар дониста мешаванд.

Ба гуфтаи манбаъ:

Ба Суҳроб Давлатов аз 8 то 20 сол ё ҳатто ҳабси абад таҳдид мекунад.  

боздоштЕкатеринбургСуҳроб Давлатов
Comments (0)
Add Comment