Мадуро: Эрон марҷаи миллатҳои мубориз барои истиқлолият ва инсоният аст

Президенти Венесуэла эълон кард, ки Эрон марҷаъ ва сарчашмаи миллатҳоест, ки барои истиқлолият ва инсоният меҷанганд.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Николас Мадуро, президенти Венесуэла имрӯз сешанбе дар ҳисоби Твиттери худ навишт: Ҷумҳурии исломии Эрон нақши бисёр муҳиммеро ба унвони яке аз қудратҳои навзуҳури ҷаҳон иҷро мекунад.

Президенти Венесуэла дарҳоле, ки мизбони Сайид Иброҳим Раисӣ, президенти Эрон аст, таъкид кард: онҳо марҷаи миллатҳое ҳастанд, ки барои истиқлолият, адолат, баробарӣ ва инсоният меҷанганд.

Раисӣ асри душанбе ба вақти маҳаллӣ дар нишасти матбуотии муштарак бо Мадуро, ки дар ҷараёни барномаҳои сафари расмӣ ба ин кишвар баргузор мешуд бо тамҷид аз солҳо муқовимати мардуми Венесуэла дар баробари империализму адои эҳтиром ба қаҳрамонони миллии ин кишвар эълон кард: Эрон ва Венесуэла манофеъ ва дидгоҳҳои муштараке дар заминаҳои истиқлолталабӣ, озодӣ ва адолатхоҳӣ доранд, ки боис шудааст мардуми ин ду кишвар канори ҳам қарор гиранд.

Президенти Эрон ҳамчунин бо баёни инки мардуми Эрон ва Венесуэла дорои душманони муштараке ҳастанд, ки намехоҳанд мо мустақил зиндагӣ кунем афзуд: миллати Эрон дар тӯли солҳои гузашта дӯстии худро бо мардуми Венесуэла исбот карда ва ҳамвора нишон дода, ки дӯсти рӯзҳои сахти онҳо мебошад.

ВенесуэлаИброҳим РаисӣНиколас МадуроЭрон
Comments (0)
Add Comment