Бомбаҳои ҳастаии қудратманде аз Русия дарёфт кардем

Раиси ҷумҳури Беларус гуфт, ки кишвараш бомбаҳо ва мушакҳои ҳастаӣ аз Русия дарёфт карда, ки се баробар қудратмандтар аз бомбаҳои ҳастаӣ аст, ки Амрико дар Хиросима ва Нагасаки истифода кардааст.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, “Александр Лукашенко” раиси ҷумҳури Беларус рӯзи сешанбе дар суханоние гуфт, ки таслиҳоти ҳастаӣ тактикие, ки қарор аст аз Русия вориди ин кишвар шавад, дар тамоми бахшҳои ин кишвар истиқрор хоҳад ёфт ва танҳо дар як макон анбор намешавад.

Вай ҳамчунин гуфт, ки аз Русия дархости дӯстона карда буд то таслиҳоти ҳастаӣ худро ба унвони омили боздорнда дар Беларус мустақар кунад.

Александр Лукашенко таъкид кард дар сурате, ки Беларус мавриди ҳамла қарор бигирад дар истифода аз ин таслиҳот тардид нахоҳад кард.

Раиси ҷумҳури Беларус гуфт, ки ин кишвар бомбаҳо ва мушакҳои ҳастаӣ аз Русия дарёфт карда, ки се баробар қудратмандтар аз бомбаҳои ҳастаӣ аст, ки Амрико дар Хиросима ва Нагасаки истифода кардааст.

Вузарои дифои Русия ва Беларус панҷшанбе (25 май) санадеро дар хусуси истиқрори таслиҳоти ҳастаӣ тактикии Русия дар Беларус имзо карданд. Ин ду муттаҳид авоили имсол тавофуқ карда буданд бахше аз зарродхонаи ҳастаӣ тактикии Маскавро дар Беларус мустақар кунанд.

Александр ЛукашенкоБеларусБомбаҳои ҳастаӣБомбаҳои ҳастаииМаскавРусия
Comments (0)
Add Comment