Арзёбии коршиносон аз саҳми муҳоҷирони корӣ дар иқтисоди Русия

Ба гуфтаи коршиносон, Тоҷикистон ва кишварҳои дигари минтақа шарикони муҳими “ҳамкориҳои имтиёзнок” бо Федератсияи Русия мебошанд.

Ба гуфтаи коршиносон, Тоҷикистон ва кишварҳои дигари минтақа шарикони муҳими “ҳамкориҳои имтиёзнок” бо Федератсияи Русия мебошанд.

Ба гузориши манбаъ:

Саҳми муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар иқтисоди Русия дар сатҳи 8-10% ММД арзёбӣ мешавад.

Дар ин бора хабаргузории “Деловой Петербург” бо истинод ба таҳқиқоти коршиносон гузориш медиҳад.

Гуфта мешавад, ки муҳоҷирати корӣ барои ҳар ду ҷониб судманд аст: интиқоли пул аз Русия аз 12% то 30%-и маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварҳое чун Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро ташкил медиҳад.

Ба гуфтаи коршиносон, Тоҷикистон ва кишварҳои дигари минтақа шарикони муҳими “ҳамкориҳои имтиёзнок” бо Федератсияи Русия мебошанд.

Ҷонибҳо аз ҷиҳати наздикии ҷуғрофӣ, робитаҳои таърихию фарҳангӣ, ошноии байнишахсӣ ва забони русӣ ҳамчун воситаи муошират пайваст мекунанд.

Қаблан Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия гуфта буд, ки Русия тақрибан ҳамеша дархостҳои Тоҷикистон дар мавриди афви муҳоҷирони кориро иҷро мекунад.

Дипломат гуфт:

“Мо дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷирати корӣ сӯҳбат кардем. Ин масъалаҳоро дар чаҳорчӯби хати муқарраркардаи президентҳо мунтазам баррасӣ мекунем. Мо қариб ҳамеша дархостҳо дар бораи ба истилоҳ афвро қонеъ мекунем”.

 

иқтисодмуҳоҷирони корӣРусия
Comments (0)
Add Comment