Таъкиди Тоҷикистон ва Русия бар тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ

Дар дидори нахуствазирони Тоҷикистон ва Русия бар лузуми густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодӣ ва тиҷорӣ таъкид шуд. 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, дар дидори нахуствазирон Тоҷикистон ва Русия дар заминаҳои тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ ва табодули назар шуд.

Дар ин дидор, ки дар ҳошияи нишасти шӯрои нахуствазирони кишварҳои мустақили ҳамсуд дар шаҳри “Сочии” Русия баргузор шуд, “Қоҳир Расулзода” ва “Михаил Мишустин” вазъияти кунунӣ ва чашмандози ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Русия дар ҳавзаҳои иқтисодӣ, бозаргонӣ, сармоягузорӣ, санъатӣ, кишоварзӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ мавриди баҳс ва баррасӣ қарор доданд.

Ду тараф бо таваҷҷӯҳ ба аҳамияти ҳамкориҳои устони Тоҷикистон ва Русия, бар омодагии худ барои густариши таомулоти байни манотиқи ду кишвар таъкид карданд.

Нахуст вазири Русия гуфт, ки кишвараш аз шуракои аслии тиҷории Тоҷикистон буда ва мубодилаи бозаргонӣ байни ду кишвар дар соли гузаштаи мелодӣ 18 дарсад афзоиш ёфта ва ба 1.4 миллиард доллар расидааст.

Ба гуфтаи “Михаил Мишустин”, сармоягузории Русия дар иқтисоди Тоҷикистон рӯ ба рушд аст ва ширкатҳои русӣ дар бахши энергӣ, иқтисоди диҷитол, муроқибатҳои беҳдоштӣ ва гардишгарӣ фаъол ҳастанд.

Ин мақоми Русия изҳор дошт, ки таомулоти ду кишвар дар заминаҳои фарҳангӣ ва башардӯстона аз аҳамияти зиёде бархурдор ҳастанд ва тайи соли ҷории мелодӣ «ҳафтаи филми Русия» ва «ҳафтаи фарҳангии Русия» дар Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд.

иқтисодӣРусияТоҷикистонТоҷикистон ва Русия
Comments (0)
Add Comment