Оятуллоҳ Хоманаӣ: Имону умедро тақвият кунед ва душманро ноком гузоред!

Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари инқилоби исломии Эрон дар 34-умин солгарди даргузашти имом Хумайнӣ, бунёнгузори фақиди Ҷумҳурии Исломӣ суханронӣ кард.

Суханронии Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари инқилоби исломии Эрон дар 34-умин солгарди даргузашти имом Хумайнӣ, бунёнгузори фақиди Ҷумҳурии Исломӣ дар ҳарами эшон бо ҳузури мақомоти давлатӣ ва лашкарӣ ва меҳмонони хориҷӣ ва ҳузури густардаи эрониён баргузор шуд.

Ба нақд ах сомонаи russian.khamenei.ir, Оятуллоҳ Хоманаӣ дар бораи шахсияти имом Хумайнӣ изҳор дошт: “Имом аз саромадони таърихи мост, на фақат аз саромадони рӯзгор мо. Саромадонро намешавад аз ҳофизаи таърих ҳазф кард. Ин нуктаи муҳим мавриди таваҷҷӯҳ мо ин аст. Саромадонро на мешавад ҳазф кард на мешавад таҳриф кард.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ дар идома афзуд: “Имоми бузургавори мо абъоди шахсиятияш аз Ибни Сино ва Шайх Тӯcӣ васеътар аст, мутанаввеътар аст; Имом як саромади ҳамаҷониба аст. Ҳам дар донишҳои динӣ саромад аст, дар фиқҳ, дар фалсафа, дар ирфони назарӣ имом саромад аст. Ҳам дар имон ва тақво ва рафторҳои парҳезгорона саромад аст. Ҳам дар истеҳкоми шахсият ва қуввати ирода саромад аст. Ҳам дар қиём барои Худо ва сиёсатварзии инқилобӣ ва эҷоди таҳаввул дар низоми башарӣ саромад аст. Ин вижагиҳо дар ҳеҷ кадом аз саромдони таърихи мо бо ҳам ҷамъ нашудааст; дар имоми бузургавор ин вижагиҳо бо ҳам ҷамъ аст. ”

Раҳбари инқилоби исломии Эрон дар ин маросим фармуд: “мумкин аст чанд сабоҳе таҳрифе дар бораи имоми роҳил шакл бигирад, аммо ин хуршед пушти абр боқӣ намемонад. Имом 3 таҳаввули бузург ба вуҷуд овард; яке дар сатҳи кишвар, яке дар сатҳи уммати исломӣ, яке дар сатҳи ҷаҳон, ин се таҳаввул бесобиқа будааст, шояд дар оянда ҳам натавон пешбинӣ кард, ки дубора шакл бигирад.

Эшон дар идома баён доштанд: “имом як низоми ғайриисломиро аз майдон хориҷ кард, истибдодро бо озодӣ, беҳувиятиро ба эътимоди ба нафс, чашм доштан ба бегонаро ба “мо метавонем” табдил кард. Инҳо таҳаввули бузурге аст, ки инқилоби исломӣ бо раҳбарии инқилоб ба вуҷуд овард.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба инки “мо метавонем” калиди ҳалли мушкилот аст фармуд: “мо мушкилоте дорем, аммо бо рӯҳияи мо метавонем аз садди мушкилот убур кунем.”

Раҳбари инқилоби исломӣ гуфт: “дар сатҳи уммати исломӣ, имом бедории исломиро дар ин сатҳ ба вуҷуд овард, имрӯз уммати исломӣ нисбат ба қабл аз инқилоб таҳарруки бештаре дорад. Албатта ниёз ба таҳарруки бештар ҳам дорад.”

Эшон идома дод: “масъалаи Фаластин қарор буд ба фаромӯшӣ супурда шавад, ки бо ҳаракати имоми роҳил ба масъалаи аввали ҷаҳони Ислом табдил шуд ва имом дар колбуди Фаластин ҷони тозае бахшид. Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии “удс натанҳо дар кишварҳои исломӣ, ки кишварҳои ғайриисломи гиромӣ аст.”

Ҳаракати имом маънавиятро дар дунё зинда кард

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ гуфт: “имом дар сатҳи ҷаҳон таваҷҷӯҳ ба маънавиятро ҳатто дар кишварҳои ғайриисломи зинда кард, маънавият дар дунё таҳти лагадкӯбии бархе қудратҳо буд, ҳаракати имом маънавиятро дар дунё зинда кард. Ин таҳаввул аммо бо вокуниши ҳамон қудратҳо мувоҷеҳ шудааст ва ин қудратҳо барои муқобила бо эҳёи маънавият даст ба ҳар коре мезананд.”

Эшон фармуд: “имом ин корҳои бузургро ба пуштибонии кадом омили сахтафзорӣ ва нармафзорӣ анҷом дод? Имом омили кумаккунандаи сахтафзорӣ надошт, на пул дошт, на хабаргузорӣ дошт, на қудратҳои дунё ҳомии ӯ буданд.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба имони қавии имом Хумайнӣ гуфт: “дар дидоре, ки шаҳид Мутаҳҳарӣ, ки худ мазҳари имон буд дар Париж бо имом дошт 4 имонро дар вуҷуди имом Хумайнӣ дида буд, 1. Имон ба ҳадаф, 2. Имон ба роҳ, 3. Имон ба мардум ва мӯъминон, 4. Имон ба Худо.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ баён кард: “вақте имон ба Худоро дар масоили айнӣ ва мубориза бо истикбор мавриди таваҷҷӯҳ қарор медиҳем ин имон яъне имон ба ваъдаҳои Худованд, эътимод ба ваъдаи илоҳӣ аст, ки гоми мустаҳками имомро дар ин роҳ ба ҳаракат дар меоварад, имони имом ба Ислом на имон ба Исломи сармоядорӣ аст, на имон ба Исломи равшанфикронаи аз ҳама ҷо бехабар.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ бо баёни инки имом имон ба мардум яъне эътимод ва эътиқод ба мардум дошт, гуфт: “баъзеҳо бо бардошти ғалати худашун гуфтанд, имом калимаи ҷумҳуриро аз рӯи рӯдарбойсӣ изофа кард; имом аслан аҳли рӯдрбойсӣ набуд.”

 Умед дар дили имом

Раҳбари инқилоб бо ишора ба инки умед дар дили имом ҳеҷгоҳ камранг нашуд, фармуд: “умед дар рафтори имом ва дар гуфтори имом ба равшанӣ дида мешавад. Имом худ мегӯяд дар тӯли солҳои мубориза то пас аз пирӯзӣ ҳаргиз дучори яъсу ноумедӣ нашудам. Ин умеди имом ҳам ношӣ аз имони Ӯ буд.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ идома дод: “умед яъне он ҳолате, ки бо ҳаракат ҳамроҳ аст, бо танбалӣ ва сукун намесозад, касе, ки умед дорад ба сарманзил мерасад, роҳ меравад, инки касе бинишинад ва умед дошта бошад ба сарманзил мерасад, ин нашуданӣ аст.”

 Бузургтарин тавсияи имом, идомаи роҳи Ӯст

Эшон фармуд: “имрӯз имом ба мо чӣ тавсияе мекунад, бародарони азиз ва ҷавонони хушрӯҳия ва пурталоши саросари кишвар, бояд ба тавсияи имом гӯш фаро диҳем, имоми бузург аст, саромад аст, мо ҳам корҳои бузурге дар пеш дорем, эҳтиёҷ ба тавсияи имом дорем, бузургтарин тавсияи имом идомаи роҳи Ӯст ва нигаҳдорӣ аз мероси Ӯст.”

Раҳбари инқилоби исломӣ идома дод: “мо бояд он се таҳаввулеро, ки имом эҷод кард, ҳифз кунем, албатта думбол кардани ҳадафи имрӯз иқтизооте дорад, ки бо иқтизоот аммо фарқ дорад. Имрӯз абзорҳо бояд мутаносиб бо замон интихоб шаванд, абзорҳо тағйир мекунад, вале ончи тағйир пайдо намекунад ҷабҳабандиҳо аст, ҷабҳабандиҳо тағйир накардааст.”

Эшон илова намуд: “ҷабҳаи душман ҷабҳаи истикбор ва зӯргӯии олам тағйир пайдо намекунанд, дар муқобили Эрон саф кашидаанд. Ончи, ки метавонад мисли дарраи хатарноке дар муқобили ҳаракати мо қарор бигирад, фаромӯш кардан ин ҷабҳабандиҳо аст.”

Раҳбари инқилоби исломӣ идома дод: “таҳаввулоте, ки зикр шуд имрӯз душманони сарсахте дорад, ҳаракат дар муқобили ин ҳаракат эҳтиёҷ дорад ба нармафзоре, ки имом ҳам дар вуҷуди худ дошт, яъне имон ва умед, эҳтиёҷ дорад.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ идома дод: “душмании истикбор бо миллати Эрон бо ақибнишинии мавзеӣ аз байн намеравад, дар мавориди мутааддиде ақибнишиниҳои мо сабаб шуд, онҳо ҷилав омаданд ва бештар мутаарриз шуданд. Душманон ба ақибнишинии мо розӣ намешаванд, онҳо мехоҳанд Эронро ба даврони қабл аз инқилоб бозгардонанд.”

Эшон бо ишора ба инки ҳифзи истиқлоли миллӣ ва иззат ва манофеи миллӣ бо имон ва умед аст, фармуд: “ҳар касе ба думболи ҳалли мушкилоти кишвар аст ва ба думболи ҷойгоҳи боиззати Эрон дар назми навин пеши рӯст, бояд ба тарвиҷ имон ва умед дар кишвар талош кунад. Тавсияи ман тақвияти имон ва умед аст ва омоҷи душман ҳам ба ҳамин имон ва умед аст. Талоши душманон мутаваҷҷеҳи ин аст, ки имонро тазъиф ва шӯълаи умедро дар дилҳо хомӯш кунад.”

Душманон дар талошҳояшон шикаст хӯрдаанд

Раҳбари инқилоби исломӣ баён кард: “душманон то кунун талошҳое доштаанд баъзе ҷоҳо ҷилав ҳам омаданд, аммо дар аксари талошҳояшон шикаст хӯрданд, охирин талоши душман то имрӯз иғтишошоти тирамоҳи гузашта буд, тарроҳи иғтишошоти тирамоҳи гузашта дар утоқҳои фикри кишварҳои ғарбӣ анҷом шуд. Пуштибонии молӣ ва расонаӣ ва тасҳилотӣ ба василаи дастгоҳҳои амнияти ғарбӣ, подуи ин ҳаракатро аносире, ки пушт ба Ватан карда буданд, анҷом доданд.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ идома дод: “иддае ҳам пиёданизом буданд, теъдод маъдуде одамҳои муғриз, теъдоди зиёде ғофил ва сатҳӣ, ҷамъе ҳам арозил ва авбош, фикри ҳама чизро карда буданд ва расонаҳои ғарбӣ сохти бомби дастиро ёд медоданд. Таҷзияи Эронро фарёд мезаданд. Ҳаракати мусаллаҳонаро тарвиҷ мекарданд.”

Эшон дар идома гуфт: “тарроҳии онҳо тавре буд, ки фикр мекарданд кори Ҷумҳурии Исломӣ тамом шудааст. Аҳмақҳо боз ҳам иштибоҳ карданд, боз ҳам мардуми Эронро нашинохтанд. Миллати Эрон ба фарохони онҳо беэътиноӣ кард, ҷавонони мӯътақид, басиҷи донишҷӯӣ ва басиҷи ақшор ва мардуми нақшаи душманро ботил карданд.”

Душман дар талош аст ҷавононро ноумед кунад

Раҳбари инқилоби исломӣ баён кард: “душман саъй дорад ҷавони эрониро ноумед кунад. Мушкилоте дар кишвар вуҷур дорад, кори душман ин аст, ки мушкилотро мураттаб ба чашми ҷавони эронӣ бикашад. Ин мушкилот вуҷуд дорад. Ҳал хоҳад шуд ба умеди Худо, душман саъй дорад бо ин мушкилот мардумро ноумед кунад. Мо дар мувоҷеҳа бо мушкилот бояд талошамонро бештар кунем.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ идома дод: “душман намехоҳад бигузорад падидаҳои умедофарин, ки ба маротиб бештар аз мушкилот аст, дида шавад.”

Эшон бо ишора ба пешрафтҳои ҳавзаи фановарӣ ва дигар ҳавзаҳо гуфт: “пешрафтҳои мухталиф ва умедзо дар кишвар вуҷуд дорад, ки аз ояндаи равшан хабар медиҳад. Вақте аз умед сӯҳбат мекунед бархе талош мекунанд то дар ин маворид хадша ворид кунанд.”

Раҳбари инқилоби исломӣ баён кард: “мо имрӯз дар сартосари кишвар ҳазорн ҳастаи муқовимат дар масоҷид ва ҳайатҳо дорем аз ин ҳастаҳои ҷавононе бармехезанд ба унвони мудофеи ҳарам, ҷавононе бармехезанд ба унвони мудофеи амният, ҷавононе бармехезанд ба унвони басиҷи донишҷӯ.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ идома дод: “нуқтаи умедофарин ин аст, ки дар ин талоши ҳамаҷонибаи душман, донишҷӯи инқилобӣ фӯҳши номусӣ мешинавад, ноумед намешавад ва аз майдон хориҷ намешавад. Талабаи басиҷӣ зери шиканҷа шаҳид мешавад, аммо ҳозир нест ончи душман мехоҳад бар забон ҷорӣ кунад.”

Раҳбари инқилоби исломь баён дошт: “масъулон ва ниҳодҳо вазифа доранд. Имон ва умедҳоро тақвият кунанд. Шубҳаҳоро бартараф кунанд.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба интихоботи пеши рӯ фармуд: “ин интихобот интихоботи бисёр муҳиме аст ва душман аз ҳамин ҳоло тӯпхонаҳои худро ба тарафи ин интихобот равшан кардааст, машғули бомбаборони интихоботӣ аст, ки ҳанӯз 9 моҳи дигар фосила дорем, то он интихобот, бояд иншоАллоҳ миллати Эрон ин бедориро, ин ҳушёриро, ин ангезаро, ин имон ва умедро рӯз ба рӯз афзоиш диҳанд ва душманро ноком гузоранд.”

АмрикодушманиғтишошИмом ХумайнӣИнқилоби Исломӣинтихоботмақоми муаззами раҳбарӣмардумсолорӣМуқовиматОятуллоҳ ХоманаӣҶумҳурии Исломии ЭронЭрон
Comments (0)
Add Comment