Омодагии Доғистон барои сохти нерӯгоҳҳои барқи офтобӣ дар кишвар

Ҷумҳурии Доғистони Русия барои сохти нерӯгоҳҳои кӯчаки барқи офтобӣ дар манотиқи кӯҳистонии кишвар эълони омодагӣ кард. 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, ҷумҳурии Доғистони Русия барои сохти нерӯгоҳҳои кӯчаки барқи офтобӣ дар манотиқи кӯҳистонии кишвар эълони омодагӣ кардааст.

Ин матлаб дар дидори “Давлатшоҳ Гулмуҳаммадзода” сафири кишварамон Тоҷикистон дар Русия бо “Бадруддин Муҳаммадов” раиси утоқи бозаргонӣ ва саноеъи ҷумҳурии Доғистон эълом шуд.

Ба гуфтаи Муҳаммадов, Доғистон омодаи кумак ба сохт ва насби нерӯгоҳҳои кӯчаки барқи офтобӣ сохти ширкати хосси Ширкати махсуси “Мушаркаи” ин ҷумҳурӣ дар манотиқи кӯҳистонии кишвар, ба хусус дар минтақаи Бадахшон аст. Дар ин замина ширкати “Силикон Доғистон” (Dagkremniy) низ аз таҷрибаи сохти нерӯгоҳҳои барқи офтобӣ дар Бангладеш ва Непал бархурдор аст.

Ин мақоми доғистонӣ чашмандози ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар ин заминаро умедворкунанда тавсиф кардааст.

Шоёни зикр аст, ки сафири кишвар зимни боздид аз ҷумҳурии Доғистон бо мақомоти он дидор ва дар хусуси тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаҳои иқтисодӣ, санъатӣ, кишоварзӣ, беҳдоштӣ, илмӣ, омӯзишӣ ва гардишгарӣ гуфтугӯ кард.

Вай зимни муаррифии зарфиятҳоии Тоҷикистон барои сармоягузорӣ, аз туҷҷор ва корофаринони Доғистон даъват кард то дар нӯҳумин намоишгоҳи байналмилалии тиҷории “Суғд 2023” ширкат кунанд.

барқи офтобӣДоғистоннерӯгоҳҳои барқи офтобӣТоҷикистон
Comments (0)
Add Comment