Густариши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва омӯзишӣ байни Тоҷикистону Доғистон

Ҳамчунин, Тоҷикистон бо ин минтақа дар соҳаҳои маорифу варзиш ва кишоварзӣ низ ҳамкориҳоро ба роҳ хоҳад монд.

Ҳамчунин, Тоҷикистон бо ин минтақа дар соҳаҳои маорифу варзиш ва кишоварзӣ низ ҳамкориҳоро ба роҳ хоҳад монд.

Ба гузориши манбаъ:

Сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ва раиси Доғистон Сергей Меликов дар мавриди густариши ҳамкориҳои байниминтақавӣ дар бахшҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва омӯзишӣ ба мувофиқа расиданд, хабар медищад ТАСС.

Манбаъ меафзояд, ҷонибҳо ташкили корхонаҳои муштарак ва гузарондани чорабиниҳои якҷояи варзиширо муҳокима карданд.

Сафири Тоҷикистон. изҳор дошт:

“Мо ба таҳкими равобити тиҷоративу иқтисодӣ, аз ҷумла бо тоҷирони Доғистон бунёди корхонаҳои муштарак манфиатдорем. Соли гузашта гардиши мол миёни кишварҳо ба 700 млн доллар расид”.

Дар идома, Гулмаҳмадзода ва Меликов доир ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф низ ба мувофиқа расиданд.

Дипломати тоҷик афзуд:

“Мушкилоти аслӣ таҳсилот аст. Ман хеле миннатдорам, ки теъдоди зиёди донишҷӯёни кишвари мо дар донишгоҳҳои мухталифи Русия таҳсил мекунанд. Дар маҷмӯъ, беш аз 30 ҳазор нафар, аз ҷумла дар Донишгоҳи давлатии Доғистон таҳсил мекунанд”.

Зимнан, раиси Доғистон изҳор намуд, ки минтақа бо тамоми кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ҳамкориҳои ояндадорро баррасӣ мекунад. Сарвари Доғистон аз сафир барои табодули таҷриба дар соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла гӯсфандпарварӣ ва пахтакорӣ даъват кардааст.

Интизор меравад, рӯзи 31 май сафири Тоҷикистон аз Донишгоҳи давлатии Доғистон дар Маҳачқалъа ва Дарбент боздид кунад ва дар он ҷо мавзеъҳои сайёҳии шаҳрро аз назар гузаронад.

 

ДоғистонТоҷикистон
Comments (0)
Add Comment