Террори 5 афсари рус дар Сурия тавассути ДИИШ

Манобеи хабарӣ аз кушта шудани 5 афсари рус аз ҷумлаи як полковник ва захмӣ шудан 10 нафари дигар аз низомиёни Русия бадасти боқимондаҳои гуруҳи террористии ДИИШ дар Сурия хабар доданд.

Манобеи низомии Русия эълон кард, гуруҳи ДИИШ яке аз таъсиргузортарин ҳамалоти худро алайҳи неруҳои Русия дар Сурия анҷом дод, ки ба кушта шудани полковник Олег Пичости, дар шарқии вилояти Ҳумси Сурия мунҷар шуд.

Тибқи ин гузориш, ҳодиса нимашаби панҷшанбеи 26 майи ҷорӣ замоне иттифоқ афтод, ки як гуруҳи 150 нафарӣ аз ДИИШ ба яке аз мақарҳои артиши Русия ҳамла карданд.

Як гуруҳи 40 нафара аз низомиёни Русия дар мақар ҳозир буданд ва ба муқобила бо ҳамлаи неруҳои ДИИШ пардохтанд, ки дар ҷараёни он, сарҳанги Олег Пичости ба ҳамроҳи чаҳор афсари дигар кушта ва 10 нафари дигар захмӣ шуданд ва як рӯз баъд аз ин ҳамла, неруи ҳавоии Русия мавозеи ДИИШ-ро ба таври густарда бомбаборон кард.

Боқимондаҳои гуруҳи террористии ДИИШ дар бахшҳои дур афтода дар минтақаи саҳроии Сурия ҳузур доранд ва ҳар аз чанд гоҳе ба мавозеи артиши Сурия ё ғайринизомиёни сурӣ ҳамла мекунанд.

ДИИШРусияСурия
Comments (0)
Add Comment