Эрдуғон бо касби 52,16% овозҳо пирӯз шуд

Даври дуюми интихоботи президенти Туркия баргузор гардид ва Эрдуғон бо касби 52,16% овозҳо пирӯз шуд.

Бар асоси шумориши 99,85% овозҳо дар даври дуюми интихоботи президенти Туркия президенти кунунии ин кишвар Раҷаб Таййиб Эрдуғон 52,16% ва рақиби ӯ Камол Қиилчдорӯғлу 47,84% овоз ба даст оварданд. Ба ин тартиб, Эрдуғон дар интихобот баранда шуда, барои боз як давраи панҷсола курсии президентии Туркияро пеши худ нигоҳ медорад.

Эрдуғон алакай аз пирӯзии худро эълон кард ва гуфт,  мардуми Туркия боз барои 5 соли оянда масъулияти раҳбарии кишварро ба ӯ супурданд. Ӯ аз шодӣ ҳамроҳи тарафдоронаш дар майдон суруд ҳам хонд.

Бархе сарони кишварҳо, аз ҷумла амири Қатар Тамим Ал Танӣ, президенти Маҷористон (Венгрия) Виктор Орбан ва раиси парлумони худи Туркия Мустафо Шентоп алакай Эрдуғонро бо пирӯзӣ табрик кардаанд.

Ин дар ҳолест, ки номзади мухолифон Камол Қиличдороғулу ин давр аз интихоботро “ноодилонатарин тайи солҳои гузашта” хонд ва эълон кард, ки ба муборизаи худ алайҳи давлати Эрдуғон идома хоҳад дод. Вай бо ишора ба касби наздик ба 48 дарсади оро дар даври дувуми интихоботи президентӣ гуфт, ин мавзуъ нишон медиҳад, ки мардуми Туркия хоҳони тағйири давлат ҳастанд. Қиличдороғулу ҳамчунин нисбат ба “мушкилоте, ки дар интизори Туркия аст”, ҳушдор дод.

Шумори умумии интихобкунандагон дар Туркия беш аз 60 миллион нафар буда, дар овоздиҳӣ 85 фоизи онҳо иштирок кардаанд. Барои овоздиҳӣ дар даври дуюм, ки соати 17 ба поён расид, дар саросари Туркия ва берун аз он беш аз 191 ҳазор сандуқи овоздиҳӣ гузошта буданд.

Даври аввали интихобот ӯзи 14 май доир шуд, вале ҳеҷ кадом аз номзадҳо беш аз 50% овоз гирифта натавонист. Эрдуғон дар даври якум 49,5 фоиз ва Қиличдорӯғлу наздики 45% овоз ба даст оварданд. Ҷои сеюмро бо 5 фоиз Синон Ӯғон соҳиб шуд. Ӯғон дар даври дуюм аз номзадии Эрдуғон пуштибонӣ кард, вале на ҳамаи ҳизбҳои тарафдори ӯ аз ин мавқегирии ӯ ҳимоят карданд. Бархе онҳо ба ҷиноҳи Қиличдорӯғлу пайвастанд.

Раҷаб Таййиб Эрдуғон, ки барои боз 5 соли дигар курсии президентии Туркияро пеши худ нигоҳ дошт, 69 сол дошта, аз соли 2003, инак 20 сол боз бар Туркия раҳбарӣ мекунад: то соли 2014 ба ҳайси сарвазир ва аз сол и 2014 ба ин тараф ҳамчун президент.

Муносибат ба шахси Эрдуғон мисли Туркия дар ҷомиаи Тоҷикистон низ яксон нест. Тарафдоронаш аз ӯ ба ҳайси як роҳбари пурнуфуз ва қавии олами Ислом тавсиф мекунанд ва пойбандиаш ба арзишҳои мазҳабии  исломӣ арҷ мегузоранд. Мунтақидонаш баракс Эрдуғонро барои дар дастони худ мунсаҷим кардани қудрат ва табдил ёфтанаш ба як ҳокими худкома ба боди интиқод мекашанд. Мояи дигари норозигӣ аз шахси Эрдуғон дар ҷомиаи Тоҷикистон таваҷҷуҳи зиёди ӯ ба давлатҳои туркзабон ва ба Қирғизистон фурӯхтани ҳавопаймоҳои бесарнишини “Байрақдор” аст, ки ин кишвари ҳамсояи Тоҷикистон аз ин дронҳо дар муноқишаи марзии моҳи сентябри соли 2022 фаровон истифода кард.

интихоботи президенти ТуркияРаҷаб Таййиб ЭрдуғонТуркия
Comments (0)
Add Comment