Ҳифзи Қуръони Карим дар деҳае дар ҷануби Испания

Дар деҳае дар ҷануби Испония илова бар фаъолият барои ҳифзи Қуръони Карим, суннатҳои дигари исломиро ҳам ба афрод меомӯзонанд.

Тасовири нашр шуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ нишон медиҳад, ки сокинони деҳае ба номи Ал-кавсар дар вилояти Гранада воқеъ дар Андалусия, ҷануби Испания ба ҳифзи Қуръони Карим машғул мебошанд.

Деҳаи Ал-кавсар сокинони мусалмон дорад, ки ҳифзи “Қуръони Карим”-ро бар асоси равиши таълими бостонии Марокиш меомӯзанд.

Дар ин деҳа ҳамчунин суннатҳои исломии дигаре ба монанди саворкорӣ ва тирандозӣ бо камон ҳам ба афроде, ки Қуъон ҳифз мекунанд омӯзонида мешавад.

Деҳаи Ал-кавсар дар ҷануби Испания маҳалли истиқомати мусалмононест, ки солҳо пеш тасмим гирифтанд, ки замини бузургеро харидорӣ карда ба ҳамроҳи хонаводаи худ ба онҷо нақл макон кунанд.

Ҳамчунин мардуми деҳа, мактаб ва масҷиде сохтанд, ки дар он ҳифзи Қуръони Карим таълим дода мешавад. Сокинони ин деҳа ҳамчунин либосҳои исломӣ ба тан мекунанд.

Шаҳри Гранада то соли 1492 дар дасти мусулмонони Андулус буд.

Ҷамъияти деҳаи Ал-кавсар беш аз 490 нафар аст, ки аксари онҳо аҳли шаҳри Гранада ҳастанд ва онҳо дорои тахассуси аълои таълимӣ мебошанд, Аммо онҳо аз кор ва ҳама чиз даст кашидаанд, то фарзандонашон дар муҳити исломӣ зиндагӣ кунанд.

Афзоиши 10 баробарии ҷамъияти мусулмонони Испания тайи 30 соли гузашта

Бар асоси гузориши дабири Кумитаи исломӣ дар Испания, Муҳаммад Аҷона Ал-вофӣ теъдоди мусулмонон дар ин кишвар тайи 30 соли гузашта 10 баробар шудааст.

Вай илова кард, омори расмӣ мегӯяд, ки теъдоди мусулмонони Испания ба 2.5 миллион нафар расидааст, дар ҳоле, ки оморҳои ғайри расмӣ теъдоди мусулмононро ҳудуди 3 миллион нафар таъмин задаанд.

Ал-вофӣ афзуд, дар гузашта аксарияти мусулмонон муҳоҷир буданд, аммо акнун дарсаде аз худи испанияиҳоро мусулмонон ташкил медиҳанд.

Достони ғамангези нобудии тамаддуни Андалусия бо густариши беҳиҷобӣ

Ҳиҷоб яке аз усули арзишманди исломӣ аст, ки осори иҷтимоӣ ва тамаддунии бисёр мусбате дорад ва адами риояи он метавонад ҳатто як тамаддунро нобуд кунад тавре, ки дар таърих намунаи онро дар достони ғарангези суқути Андалусия дар Аврупо мехонем.

Испания, ки дар қадими Андалус номида мешуд дар соли 711 мелодӣ тавассути мусулмонон фатҳ шуд. Мусулмонон ҳудуди 800 сол бар он ҳукумат карданд, ки ҳануз ҳам осори исломӣ ва биноҳои меъмории исломӣ дар он дида мешавад. Борҳо Масеҳиён бар ин кишвар ҳамла карданд, аммо мусулмонон муқовимат намуда ва онҳоро шикаст медоданд.

Баъд аз шикастҳои пай дар пайи Масеҳиён барои ғалаба бар Андалус, онҳо ба як ҳилаи фарҳангӣ, духтарони бепӯшиши аврупоиро равонаи Испания намуданд. Ин духтарон ҷавонони мусулмонро фосид карда ва кам кам онҳоро гирифтори фаҳшо намуданд ва ин гуноҳ чунон сареъ ривоҷ ёфт, ки домани мақомотро ҳам олуда сохт ва онгоҳ, ки дарахт аз дохил холӣ шуд (ҳамаи афроди ҷомеа фосиду беғайрат шуданд) як ҳамлаи низомӣ дар соли 1492 мелодӣ мусулмононро таслими масеҳиён кард. Сад ҳазор нафар кушта шуданду бақия таслим шуданд ва зиндагии зиллатбореро таҳти ҳукумати масеҳият оғоз намуданд. Инҳо низ ё ба тадриҷ кушта мешуданд ва ё ба дини масеҳият мегаравиданд. Пас аз муддате Масеҳиён ба онҳо низ раҳм накарда дини онҳоро аз рӯи тарс ҳисобида ва ҳамашонро аз гардан заданд ё ба муҳоҷират маҷбур намуданд.

Бад нест дар инҷо ба шеваи нобудии мусулмонон дар Андалус ба нақл аз Густав Ле Бон, таърихнависи фаронсавӣ ишора кунем, вай менависад: дар соли 1492, ки Фердинанд (роҳбари Низомии Масеҳиён) Испанияро аз арабҳо гирифт дар ибтидо ба арабҳо дар забону мазҳаб озодӣ дод, вале дар соли 1499 паймонеро, ки дар ин бора бо мусулмонон баста буд шикасту шурӯъ ба озори онҳо намуд дар натиҷа ба решакан кардани онҳо хатм шуд, Масеҳиён нахуст мусулмононро водор ба қабул кардани дини масеҳият карданд сипас маҳкамаҳои тафтишӣ ташкил доданд ва ба баҳонаи инки мусулмонон ҳақиқатан дини Масеҳиятро қабул накардаанд дастури сӯзондани онҳоро доданд. Ва албата ин кор ба тадриҷ сурат мегирифт зеро наметавонистанд чандин миллион арабу мусулмонро ба якбора бисӯзонанд. Аз ин рӯи кашиши бузурги яке аз шаҳрҳои Испания, ки раиси маҳкамаҳои тафтиш низ буд дастур дод тамоми арабҳое, ки дини Масеҳро напазируфтаанд аз пиру ҷавон ва зану мард ва хӯрду калон ҳамаро гардан бизананд.

Вай дастур дод ҳамаи арабҳо ҳатто онҳое, ки масеҳӣ шудаанд гардан бизананд, зеро ӯ мегӯфт маҳол аст арабҳое, ки масеҳӣ шудаанд аз рӯи ҳақиқату садоқат ба масеҳият гаравида бошанд пас беҳтар аст ҳамаро бикушем то Худо дар олами охират миёни онҳо ҳукм кунад ва ҳар кадомеро, ки ба ростӣ ба дини насронӣ дохил нашудааст дохили ҷаҳаннам кунад. Ин нақшаро ҷомеаи кашишон писандиданд, вале давлати Испания маслиҳат надид анро анҷом диҳад вале давлат дар соли 1610 мелодӣ дастур дод ҳамаи мусулмонон аз Испания берун раванд ва муҳоҷират кунанд.

Ҳамонтавре, ки бисёре аз донишмандони таърихнавис гуфтаанд аз замоне, ки Фердинанд Испанияро фатҳ кард то охирин муҳоҷирати мусулмонон се миллион нафар аз шаҳрвандони Испания кушта шуд.

Ин буд сарнавишти як миллати қаҳрамони мусулмон, ки солҳо дар сояи ҷонибдорӣ аз дини худ ба бузургтарин қудратҳо расиданд ва олитарин намунаҳои тамаддунро аз худ баёдгор гузоштанд, вале аз он соате, ки гуноҳ дар миёни онҳо густариш ёфт даст аз аҳкоми муқаддаси Ислом бардоштанд. Асбоби нобудияшон фароҳам шуд ва душман бар онҳо мусаллат гардид ва ба бадтарин вазъ гирифтор шуданд.

ИспанияҚуръонҚуръони Карим
Comments (0)
Add Comment