Оғози даври дуюми интихоботи президентии Туркия

Даври дуюми интихоботи президентии Туркия, имрӯз дар сояи рақобати шадид миёни ду номзад ба ин мақом оғоз шуд.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, дарви дуюми интихоботи президентии Туркия, имрӯз (якшанбе, 28 май), дар сояи рақобати шадид миёни “Раҷаб Тайиб Эрдуғон” ва “Камол Киличдароғлу” оғоз шуд.

Ин нахустин бор аст, ки мардуми Туркия дар даври дуюми раъйгирӣ барои интихоби раиси ҷумҳур, пойи сандуқҳои раъй мераванд. Имрӯз ҳар номзаде, ки аксарияти орои мӯътабарро касб кунад ба унвони раиси ҷумҳури Туркия интихоб хоҳад шуд.

Ба эълони манобеи расонаӣ аз соати 8:00 субҳи имрӯз ба вақти Туркия, раъй гирии даври дуюми интихоботи президентии ин кишвар, дар як ҳазор ва 94 ҳавзаи раъйгирӣ ва 81 устони ин кишвар оғоз шуд ва баробари қонуни интихобот, раванди ахзи орои мардум бидуни тамдид то соати 17:00 имрӯз идома хоҳад дошт.

Дар даври нахусти интихобот Раҷаб Тайиб Эрдуғон тавонист 49.52 дарсади ороро ба худ ихтисос диҳад. Дар ҳамин ҳол, 44.88 дарсади ширкаткунандагон дар интихобот, ба Камол Киличдароғлу, номзади эътилофи миллат раъй доданд. Сенан Оган, дигар номзади ин интихобот низ 5.17 дарсад ороро касб кард. Вай пас аз хориҷ шудан аз даври рақобат, эълом кард, ки дар даври дуюми интихобот аз Эрдуғон ҳимоят мекунад.

Интихоботи президентии кунунӣ дар Туркия таърихӣ тавсиф мешавад; Зеро барандаи он ҷумҳурии Туркияро ба дуввумин садаи солгарди худ хоҳад расонд, он ҳам баъд аз интихоботе, ки дар даври нахусти он, ҳудуди 88 дарсад аз мардуми Туркия дар дохил ва хориҷ аз кишвар дар он ширкат карданд.

интихоботи президентӣинтихоботи президентии ТуркияТуркия
Comments (0)
Add Comment