Рақибоне, ки якдигарро ҳамчун таҳдид ба ояндаи Туркия муаррифӣ мекунанд

Ҳам Эрдуғон ва ҳам аҳзоби мухолифи ӯ, пирӯзӣ ва шикаст дар интихоботро ба унвони як мавзӯъи ҳаётии амнияти миллии Туркия қаламдод карда онро ба масъалаи бақо пайванд мезананд.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, фурсати андаке барои баргузории даври дуввуми интихоботи риёсатҷумҳурии Туркия боқӣ мондааст ва рӯзи якшанбе оянда, барои аҳзоб ва ҷараёнҳои сиёсии ин кишвар, бисёр ҳассос ва таъйинкунанда хоҳад буд. Бозори суханронӣ ва таблиғ дар Туркия бисёр гарм аст ва ду ҳизби Ҷумҳур ва Миллат ба раҳбарии Эрдуғон ва Қиличдоруғлу, ҳар кадом, дигариро ба унвони хатари бузург барои имрӯз ва фардои Туркия талаққӣ мекунад, ҳоло ҳам Эрдуғон ва ҳам аҳзоби мухолифи ӯ, пирӯзӣ ва шикаст дар интихоботро ба унвони як мавзӯъи ҳаётии амнияти миллии Туркия қаламдод карда ва онро ба масъалаи бақои Туркия пайванд мезананд.

Дар шароите, ки ҷумҳурии Туркия ба унвони нахустин низоми ҷумҳурият таъсисшуда дар минтақа садсола шудааст, ҳоло ва дар яксадумин солгарди таъсиси ҷумҳурӣ, Эрдуғон мегӯяд, ки қарни Туркия оғоз шудааст ва ин кишвар ба қуллаи пешрафт хоҳад расид, ин дар ҳоле аст, ки ӯ пас аз 12 сол талош ва таблиғ, натавонист, ки ҳеҷ кадом аз аҳдофи зикршуда дар санади чашмандози 2023-ро амалӣ кунад. Аз дигар тараф, ҳизби ҷумҳурии Халқ, ки ба дасти Мустафо Камол таъсис шудааст ва дуруст ба андозаи ҷумҳурии Туркия умр дорад, мӯътақид аст, ки идомаи кору фаъолияти сиёсӣ ва мудирияти Эрдуғон барои кишвар, бисёр хатарнок аст ва паёмадҳои талхе барои мардуми ин кишвар хоҳад дошт.

Қиличдоруғлу, ба тозагӣ дар паёмакҳои телефонӣ ба мардуми Туркия хабар додааст, ки мондани Эрдуғон бар қудрат, ба маънеии тадовуми буҳрони иқтисодӣ дар Туркия хоҳад буд. Ӯ ҳамчунин ваъда додааст, ки ба маҳзи пирӯзӣ, мизони суди бадеҳии кортҳои эътибориро сифр кунад ва асли бадеҳиро низ тайи ақсоти 36 моҳа аз мардум пас хоҳад гирифт.

Хаёли Эрдуғон роҳат нест

“Агар Эрдуғон аз бобати пирӯзӣ дар интихоботи ҳафтаи оянда итминони комил дошт, то ин андоза аз амнияти миллӣ ҳарф намезад.”, ин сухане аст, ки чанд рӯзи гузашта дар тозатарин таҳлили Фотеҳ Партокол таҳлилгари сиёсии машҳури Туркия баён шуд. Партокол бар ин бовар аст, ки таваҷҷуҳ ба мӯҳтавои тозатарин суханрониҳо ва кампайнҳои интихоботии Эрдуғон, метавонад ба мо бигӯяд, ки дар зеҳни ӯ чӣ мегузарад. Ба бовари Партокол, Эрдуғон бо 49.5 дарсад раъй дар баробари Камол Қиличдоруғлу 45 дарсдӣ, шонси болое барои пирӯзӣ дорад ва дар шароити оддӣ, ба осонӣ метавон фаҳмид, ки ҳама чиз ба нафъи Эрдуғон аст ва агар иттифоқи аҷиб рӯй надиҳад, ӯ то 5 соли дигар, ҳамчунон раис хоҳад монд.

Аммо ин ҳамаи қисса намебошад, Эрдуғон бо вуҷуди ин ихтилоф раъйи зиёд ва бархурдорӣ аз имконоти як каҳкашони расонаӣ ва таблиғотии азим, боз ҳам нигарон аст.

Раҷаб Тайиб Эрдуғон, дар мақоми раҳбарии ҳизби Адолат ва тавсеа ва раисиҷумҳури Туркия, ба муддати 21 сол ба шакли биломунозиъа қудратро дар даст доштааст, аммо пас аз ин ҳама сол, ба ҷои ин ки аз роҳкорҳои гузар аз буҳрони иқтисодӣ ва халосӣ аз фақр ҳарф бизанад, шабу рӯз ба мардуми Туркия мегӯяд: “нагузоред инҳо бар сари кор биёянд. Мутмаин бошед кишварро ба бегонагон хоҳанд фурӯхт ва ватан аз даст меравад. Амнияти миллии Туркия ҳукм мекунад, ки боз ҳам корро ба ин бародаратон бисипоред ва ба номзади мавриди ҳимояти империалисми ҷаҳон, эътимод накунед”.

Оё ин фақат Эрдуғон аст, ки интихоботи ояндаи Туркияро ба амнияти миллӣ ва бақои кишвараш пайванд мезанад? Хайр. Дар тарафи мухолифин низ чунин вазъияте ҳоким аст. Алӣ Бобоҷон раҳбари ҳизби Ҷаҳиш ва демокрасӣ ва аз шуракои Қиличдоруғлу дар эътилофи миллат гуфтааст: “мутмаин бошед дар сурати интихоби муҷаддади Эрдуғон, иқтисоди кишвар муталошӣ мешавад ва бақои мо ба хатар хоҳад афтод. Эрдуғон бо надонамкориҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ ва бо хатоҳои мудириятӣ, Туркияро ба самти партгоҳ бурдааст. Ӯ барои амнияти миллии Туркия як хатари ҷиддӣ аст ва набояд муҷаддадан раисиҷумҳур шавад”.

Иттиҳом, таҳдид, ифшогарӣ

Ҳоло ба осонӣ метавон гуфт; фазои сиёсии Туркия пур аз таниш, ихтилоф ва ҳаяҷон аст. Эрдуғон ба тозагӣ дар чандин кампайни интихоботӣ, иддао карда, ки Қиличдоруғлу бо сарони гурӯҳи террористи ПКК дар кӯҳистони Қандил иртибот доштааст.

Қиличдоруғлу низ эълон кард, ки ин ифтиро бепоя аст. Ӯ хитоб ба Эрдуғон эълон кард “агар тавон дорӣ ба як мунозираи телевизионии зинда биё, то исбот кунам, ки чӣ сиёсатмадори номард ҳастӣ. Ту ҳомии террористҳо ҳастӣ ва ман метавонам ба содагӣ инро исбот кунам”.

Савол инҷост: чаро сиёсатмадорони Туркия, ба ҷои онки аз вазъияти иқтисодӣ ва рифоҳӣ ҳарф бизананд, фақат ба мабоҳиси марбут ба амнияти миллӣ ва бақои кишвар мепардозанд?

Дар посух бояд гуфт: буҳрони иқтисодӣ ба тарзи фарогир ва амиқе, зиндагии даҳҳо миллион нафари шаҳрванди Туркияро даргир кардааст. Эрдуғон барои гузар аз ин буҳрони азим, ваъда ва барномаи хоссе надорад ва танҳо ба гуфтан ин ҷумла иктифо карда, ки ба зудӣ як банки бузурги арабӣ дар Туркия сармоягузорӣ мекунад. Албатта худи Эрдуғон низ пазируфта, ки таъсири ҳузури ин банк дар бозори Туркия, муваққатӣ ва ночиз хоҳад буд.

Дар тарафи муқобил, Қиличдоруғлу ва ҳамроҳон ӯ низ фақат ба баёни ин мавзӯъ мепардозанд, ки Туркия гирифтори буҳрони иқтисодӣ шудааст. Аммо дар амал, уфуқ ва чашмандози хоссе барои хурӯҷ аз буҳрон ироа намедиҳанд.

Шавоҳид нишон медиҳад, ки дар сурати пирӯзии ҳар кадом аз ду рақиби аслӣ дар интихоботи риёсатиҷумҳурии Туркия дар якшанбеи оянда, дар ҳар ҳол, иқтисоди ин кишвар, барои хурӯҷ аз буҳрони таварруми бесобиқа, шонс ва умеди чандоне надорад.

Дар поён бояд гуфт; Барҷаста шудани мафоҳиме ҳамчун амнияти миллӣ ва бақо дар интихоботи Туркия, падидае аст, ки нишон медиҳад ҳар ду ҷабҳаи сиёсии фаъол дар ин кишвар, барои иқнои раъйдиҳандагон, абзорҳои коромади дигаре дар ихтиёр надоранд ва талош мекунанд то бо сохтани ғӯлҳои хатарноке аз мафоҳими амниятӣ, таваҷҷӯҳ ва раъйи мардумро ба сӯи худ ҷалб кунанд.

Камол ҚиличдоруғлуРаҷаб Тайиб ЭрдуғонТуркия
Comments (0)
Add Comment