10 кишвари аврупоӣ талаб карданд, ки хонаҳои Фаластиниёнро вайрон накунед

10 кишвари аврупоӣ бо имзои дархостӣ аз режими саҳюнистӣ хостанд, ки хонаҳои Фаластиниён дар Каронаи Бохтарӣ ва Қудси шарқӣ ва ҳамчунин мусодираи заминҳои онҳоро мутаваққиф кунад.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, ҳайатҳои дипломатики 10 кишвари аврупоӣ аз режими палиди саҳюнистӣ хостанд, ки мусодираи заминҳои Фаластиниён ва тахриби хонаҳои онҳо дар Каронаи Бохтариро поён диҳад.

Тибқи гузориши рӯзномаи саҳюнистии “Едиот Аҳаранот”, консулгариҳои Белгия, Фаронса, Италия, Испания, Шветсия, Биритониё, Дания, Финляндия, Ирландия ва ҳамчунин дафтари намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Каронаи Бохтарӣ ва Навори Ғазза ин баёнияи муштаракро имзо кардаанд.

Ҳайатҳои мазкур аз режими саҳюнистӣ хостанд «амалиёти мусодираи заминҳо ва тахриби [хонаҳо]-ро мутаваққиф кунад ва ба созмонҳои башардӯстона дар Каронаи Бохтарӣ аз ҷумла Қудси шарқӣ бидуни монеътарошӣ иҷозаи дастрасӣ диҳад.»

Ин намояндагиҳо ҳамчунин «хостори бозгардони ё ҷуброни таҷҳизот ва имконоти башардӯстона ба маблағи тақрибии 1.29 миллион евро шуданд, ки аз соли 2015 тахриб, муталошӣ ё мусодира шуданд.»

Бенёмин Нетаняҳу, нахуст вазири режими саҳюнистӣ ҳидояти як кобинаи тундрав ва ифротиро дар арозии ишғолии Фаластин бар уҳда дорад, ки бо иттихози мавозеъи зидди фалстинӣ, ба шаҳраксозӣ дар хоки Фаластин пардохта ва хонаҳои Фаластиниёнро тахриб мекунад.

АврупоиКаронаи БохтарӣФаластинФаластиниёнФаластиниёнро
Comments (0)
Add Comment