Байден кумаки 375 миллион долларӣ ба Украинаро таъйид кард

Раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, бастаи ҷадиди 375 миллион долларӣ шомили муҳиммот, тӯпхона ва худравҳои зиреҳӣ ба Украинаро эълом кард.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, “Ҷо Байден”, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар дидор бо Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина дар ҳошияи нишасти гурӯҳи ҳафт (G7) дар “Хиросима”-и Япония, ҷадидтарин бастаи таслиҳот ба Украинаро эълом кард.

Рӯзномаи амрикоӣ “Ню-Йорк Таймз”, дар ин хусус гузориш кард, Байден тасреҳ кард, ки Украина «кулли ҷаҳон»-ро таҳти таъсир қарор додааст ва ҳама аз «ончи шумо анҷом додаед дар ҳайрат ҳастанд».

Зеленский низ дар идома аз раиси ҷумҳури Амрико  барои «тасмимоти мухталифе» , ки барои ҳимоят аз Украина гирифта, қадрдони кард.

Ин аввалин дидори рӯ дар рӯи Байден бо Зеленский аз замони оғози амалиёти низомии Русия дар Украина дар феврали соли гузашта токунун будааст.

Байден дар ин дидор бо ишора ба тасмими ахири худ барои судури муҷаввизи ирсоли ҷангандаҳои «Ф-16» ба Украина ва омӯзиши халабонони украинӣ барои кор бо ин ҳавопаймо дар Амрико ба Зеленский гуфт: «Иёлоти Муттаҳида ҳамчунон ҳар ончи, ки метавонад барои тақвияти тавонмандии Украина барои дифоъ аз худ анҷом медиҳад».

Вай сипас идома дод: «таҳримҳои ҷадиде алайҳи Русия тазмин мекунад, ки мо ҳамчунон бар Путин фишор меоварем то ҳомиёнашро посухгӯ бидонем».

Байден дар идома тасреҳ кард, ки бастаи ҷадиди кумакҳои амниятие, ки пеш аз ин як мақоми аршади давлати Амрико гуфта буд, маҷмӯан 375 миллион доллар аст ва шомили муҳиммот, тӯпхона ва васоили нақлияӣ мешавад.

Раиси ҷумҳури Амрико дар идома ба таври ғайримустақим, Киевро ба адами сулҳ бо Русия даъват кард ва гуфт, ки аз «сулҳи одилона» дар Украина ҳимоят мекунад ва гуфт, ки тамомияти арзӣ ва ҳокимияти ин кишвар «ғайриқобили музокира» аст.

Вай сипас бо ишора ба ин маворид тасреҳ кард: «мо ҳамроҳ бо кулли G7 пушти Украина ҳастем ва онро ҳамроҳӣ мекунем қавл медиҳам, ки ҳеҷ ҷои дигаре наравем.»

Пеш аз ин, Кохи Сафед бомдоди якшанбе гузоришҳои расонаӣ дар бораи тасвиби бастаи кумаки низомии ҷадид барои Украина ба арзиши 375 миллион долларро таъйид накард.

Вай бо инҳол гуфт: «танҳо чизе, ки мехоҳам бигӯям ин аст, ки охирин бастаи [ҳимоятӣ барои Киев] беш аз ду ҳафта пеш тахсис дода шуд ва барои ҳеҷ кас набояд тааҷҷубовар бошад, ки чунин кумакҳое ба Украина идома ёбад».

Аз замони оғози амалиёти низомии Русия дар Украина, кишварҳои ғарбӣ ба хусус Иёлоти Муттаҳида ва Англис бо ташдиди фишори таҳримҳо алайҳи Русия ва ирсоли анвоъи силоҳҳои сабук ва сангин ба Киев, танҳо бар оташи нооромиҳо дар ин кишвар доман задаанд.

АмрикоАнглисБайденНю-Йорк ТаймзРусияУкраина
Comments (0)
Add Comment