Мушакҳои Ҷиҳод, Нетанёҳуро адаб кард

Атвон, сардабири рӯзномаи интернетии “Раъюл-Явм” дар таҳлили вазъи низоъ миёни муқовимати Фаластин ва артиши режими ишғолӣ Исроил изҳор дошт, ки мушакҳои Ҷунбиши “Ҷиҳоди Исломӣ” Бенёмин Нетанёҳуро адаб кард. Ӯ дар рӯзҳои оянда, барои оташбас илтимос хоҳад кард.

Бар асоси гузориши манобеи хабарӣ, “Абдулборӣ Атвон”, таҳлилгари ҷаҳони Араб ва сардабири рӯзномаи интернетии “Раъюл-Явм”, ки дар Лондон нашр мешавад, ёддошти таҳлилӣ дар бораи таҳаввулоти кунунӣ дар сарзаминҳои ишғолшуда ва ояндаи даргириҳо миёни муқовимати Фаластин ва артиши режими Исроил таъкид кард, кобинаи Телавив аз ҳамлаҳои мушакии муқовимат фалаҷ хоҳад шуд. Дар зер шарҳи ин ёддошти таҳлилӣ оварда шудааст:

Ҷиҳоди Исломӣ, як ҳаракати ба назар хурд, аммо бо таъсироти бузург

Пас аз терори шаҳид “Алӣ Ҳасан”, раиси бахши мушакӣ ва узви шӯрои низомии Ҷунбиши Ҷиҳоди Исломӣ дар баталёни Қудс бахши низомии ин ҷунбиш ва ду рӯз баъд аз терори се фармондеҳи майдонии он маълум шуд, ки кобинаи “Бенямин Нетанёҳу” нахуствазири режими саҳюнистӣ ин ҷангро ба умеди нобудии комили ин ҷунбиш шурӯъ карда буд.

Ҳаракате, ки ҳарчанд аз нигоҳи теъдод андак ба назар мерасад, аммо аз назари қудрат бузург аст; Зеро Ҷиҳод ҳамон ҷунбишест, ки аз оғози ҷанг ҳадафҳои худро бо партоби мушакҳо ҳадаф қарор додааст ва размандагони он мардоне ҳастанд, ки ҳатто агар шаҳид шаванд ҳам, натиҷаи шаҳодати онҳо барои ишғолгарони армия ва раҳбарони режими саҳюнистӣ чун зилзила зоҳир хоҳад шуд.

Вақте, ки “Муҳаммад Ҳиндӣ”, раиси бахши сиёсии Ҷунбиши Ҷиҳоди Исломӣ, ба даъвати расмии давлати Миср ба Қоҳира меравад то нақши миёнҷигариро ба умеди дастёби ба оташбас ва таваққуфи ҳамалоти мушакии муқовимат ифо кунад, ин амр муайиди он аст, ки ончи қаблан зикр кардем, яъне сафар, гуфтугӯҳо ва аҳдофаш аз қабл барраси шуда буданд. Бо ин ҳол, ки ӯ масъул ва машғули ройзаниҳои сиёсӣ дар Қоҳира аст, ин воқеиятро рад намекунад, ки то кунун беш аз 600 мушак аз ҷониби гурӯҳҳои муқовимат ба шаҳракҳои саҳюнистнишини Садирут, Ашдуд ва Асқалон шиллик кардааст.

Ҷиноҳҳои Фаластин: ҳамоҳанг дар тақсими нақшҳо

Ҳамаи таҳаввулот, посухҳо, ройзаниҳо ва сиёсатҳо дар чорчуби тақсими нақшҳо байни гурӯҳҳои мухталифи Фаластин, дар утоқи амалиёти муштарак сурат гирифта ва дар ҳоли тадовум аст. Ман дур намедонам, ки ҷунбиши “Ҳамос”, ба ҷунбиши “Ҷиҳод” чароғи сабз нишон дода то вазифаи посухгӯӣ ба ҷиноёти исроилро бар ӯҳда бигирад. Бо ин тафосир ба назар мерасад, ки ҷунбиш Ҳамос, қудрати худро барои рӯёрӯӣ бузургтар захира мекунад; Пас чунончи шаҳракнишинон бо ҳимояти артиши худ, роҳпаймоӣ парчамро дар Қудси ишғолӣ ҳафтаи оянда иҷро кунанд, мумкин аст мунфаҷир шавад ва дар он сурат Ҳамос ба даргириҳо вуруд хоҳад кард.

Муваффақияти муқовимат ва пойдории Ҷунбиши Ҷиҳоди Исломӣ дар ҷабҳаҳои набард ба пойбандии он ба се шарти аслӣ, яъне адами таваққуфи шиллики мушакҳо бидуни посухгӯӣ ба мутолиботи режими ишғолгар, таваққуфи комили террорҳои Исроил дар Навори Ғазза ва Каронаи Бохтарӣ ва таҳвили пайкари шаҳид “Хизр Аднонӣ” ва лағви роҳпаймоӣ парчам ва таҳоҷумот ба Масҷидулақсо ва саҳнаҳои он бастагӣ дорад; Ин муваффақияти аввалия дар таъйинишурут барои тарафи муқобил, мӯйиди он аст, ки тасмимгирандаи таваққуфи ин ҷанг ва тадвини шароити ҳаргуна тавофуқи оташбас мӯҳтамали муқовимати Фаластин ва ба таври хос Ҷунбиши Ҷиҳоди Исломӣ аст.

Агар шартгузории артиши Исроил дар пушти ин ҳамалот, тазъиф ва фалаҷ кардани Ҷунбиши Ҷиҳоди Исломӣ, бо ҳадафи коҳиши қудрати боздорандагӣ ва эҷоди рӯъбу ваҳшат дар миёни нафароти он бошад, бояд бигӯям, ки саҳюнистҳо ин шартро бохтаанд. Зеро ин ҷунбиш рӯз ба рӯз бештар ин нуктаро собит мекунад, ки ҳанӯз қавӣ аст; Мизони аҳамияти зарродхонаи мушакии он бисёр бештар аз он чизе аст, ки коршиносони низомии Исроил нисбат ба он эътиқод доранд, чароки ирода дар авҷи қудратнамоӣ ин ҷунбиш аст.

Идомаи даргирӣ ба суди муқовимат ва ба зарари режими саҳюнистӣ

Манбаи қудрати гурӯҳҳои муқовимат дар Навори Ғазза, тӯлони шудани ҷанг аст, зеро қудрати режими ишғолгар ва пас аз фирори даҳҳо ҳазор шаҳракнишин аз атрофи Навори Ғазза ба самти шимол пошида хоҳад шуд. Даҳҳо ва шояд садҳоҳазор нафари дигар, аз ҷумла вузарои кобинаи Нетанёҳу фирор кардаанд ва новбарии ҳавоӣ, ихтилоли тақрибан комилеро таҷриба мекунад. Шаҳракнишинон наметавонанд таҳти ин таҳаввулот зиндагӣ кунанд ва ин кобинае аст, ки иддао мекунад «қавитарин давлат дар Ховари Миёна» аст, сарони аҳзоби эътилоф, намояндагони онҳо ва вузарояш дар утоқи фармондеҳии муштарак бояд комилан мутаваҷҷеҳи ин воқеиятҳо шаванд.

Хатарноктарин пешомад ин аст, ки ҳарчи ин ҷанг бештар тӯл бикашад ва ба назар мерасад, ки идома пайдо кунад, фишор бар ҷунбиши Ҳамос афзоиш меёбад то дар канори Ҷунбиши Ҷиҳоди Исломӣ ва Суроё-ал-Қудс, бозуи низомии он, тамомвазн кунишгарӣ ва қудрати худро ба майдон оварад. Чунин сенарияе мӯҷиби басташудани дарҳо ба рӯи миёнҷигариҳои арабӣ хоҳад шуд; Зеро мушакҳои Ҳамос аз диққати болое бархурдор ҳастанд ва муоддилоти майдониро ба гунаи дигаре тағир хоҳанд дод, илова бар он, паҳподҳо ва силоҳҳои ҷадид ба майдон хоҳанд овард, ки мумкин аст фишори бузурге ба Нетанёҳу ва атрофиёнаш ворид кунад.

Вақте Телавив ба миёнҷиҳои арабаш тавҳин кард!

Террори шаҳид Алӣ Ҳасан ва ҳамроҳонаш бо ҳамлаи мушакӣ ба опортумони маскунии ин афрод дар шаҳри Хонюунс, тавҳин ба ин миёнҷиҳои Араб, ба вижа давлати Миср буд. Мисре, ки дар хатти муқаддами ин вазифа қарор дорад ва дар миёнҷигариҳои қаблӣ барои таваққуфи террорҳо ҳамеша ҳузур доштааст. Ин террори ахир, таъйиди дигар бар адами риояти тамоми тааҳҳудот тавассути кобинаи ишғолгар аст.

Мо сиҳати ифшогарии расонаҳои ибриро намедонем, ки гузориш медиҳанд таваққуфи сохти мушак дар Навори Ғазза яке аз муҳиммтарин шурути Нетанёҳу барои оташбас ва поёни даргириҳо аст. Бо ин ҳол, ин як талоши мазбуҳона ва шарти содалавҳона аст; Пайгирӣ ва матраҳ кардани он сирфан мунҷар ба густариши ҷанг ва партоби садҳо мушак ва ҳазорон ракетаи муқовимат дар чанд рӯзи оянда хоҳад шуд.

Вазъияте, ки Нетанёҳу мутаваҷҷеҳи он нест…

Идомаи ин рӯёрӯӣ ва вуруди посухи амалиёти муқовимат ба рӯзи чаҳорум, шикаст барои режими ишғолгари Исроил ва зарбаи маҳкаме ба кобинаи Нетанёҳу аст, ки осору абъоди он чанд рӯз пас аз ҳаргуна тавофуқ барои таваққуфи шиллики мушак аз сӯи ишғолгарон ба сӯи Навори Ғазза намоён хоҳад шуд.

Ончи Нетанёҳу мутаваҷҷеҳ намешавад ин нуктааст, ки сохт ва тавсеаи мушакҳо ҳаргиз мутаваққиф нахоҳад шуд; Балки мумкин аст ин санъат ва фановарӣ ба самти Каронаи Бохтарии рӯди Урдун ва наздиктар аз ончи раҳбарони низомии режими ишғолгар интизор дорад, ҳаракат кунад.

Ваҳдати майдонҳо ва ҷабҳаҳо дар байни муқовимати Фаластин таҳким шуда ва акнун навбат ба ягони таслиҳотӣ-мушакӣ ва паҳподҳо аст. Замон собит хоҳад кард, ки пас аз ҳар лашкаркашӣ, террорҳои исроилӣ бадтар мешавад ва тавоноиҳои боздорандагии он коҳиш меёбад; Ин вазъият ба нафъи тавсеаи тавонмандиҳои муқовимати Фаластин аст.

Ба таври хулоса мушакҳои Навори Ғазза, Нетанёҳу ва артиши ишғолгари таҳти раҳбарии ӯро «адаб» кард; Дар чанд рӯзи оянда фарёди дардноки онҳоро хоҳем шанид. Ин набарди Ҷунбиши Ҷиҳоди Исломиро на, балки кобинаи режими Ишғолгар ва шаҳракнишинони онро фалаҷ кард. Ҳоло амнияти иддаоӣ режими Исроил, бесуботтар аз ҳамеша аст.

Дуруст ҳамонтавр, ки Нетанёҳу ба самти Ҷо Байден, раисиҷумҳури Амрико давид ва илтимос кард, ки мудохила кунад то шиллики мушак дар ҷараёни набарди «Сайфулқудс», ки мо дар остонаи дувумин солгарди он ҳастем, мутаваққиф шавад. Нетанёҳу дар рӯзҳои оянда дубора ба самти Ҷо Байден хоҳад рафт ва аз миёнҷиҳои Араб барои таваққуфи мушакҳо илтимос хоҳад кард.

Навори ҒаззаНетанёҳуФаластинҶиҳоди исломӣ
Comments (0)
Add Comment