Ҳимояти Русия аз иддеаи Эрон барои ташкили бошгоҳи ҳуқуқии зиддӣ таҳрим

Дмитрий Медведов ноибраиси Шӯрои амнияти Русия дар маҷмаъи байналмиллалии ҳуқуқи башар Петербург аз иддеаи Эрон мабни бар эҷоди «Бошгоҳи ҳуқуқии таҳримҳо» ва муборизаи муштарки кишварҳо бо таҳримҳои ғайри қонунӣ ҳимоят кард. Медведов гуфт: Мо бояд бо якдигар бо таҳримҳои якҷониба муқобила кунем, чаро, ки на, ман комилан аз пешниҳоди Оқои вазири додгустарии Эрон барои иттиҳоди кишварҳои таҳти таҳрим дар як бошгоҳ ҳимоят мекунам.

Медведов бо баёни ин,ки ҳамаи таҳримҳо ба ҷузъ таҳримҳои эъмол шуда тавассути Созмони Миллалӣ Муттаҳид, табиатан ғайри қонуни ҳастанд, изҳор дошт: Русия, Эрон ва бисёре аз кишварҳо, таҳримҳои Ғарбро ба расмият намешиносанд.

Аминҳусайн Раҳимӣ,вазири Ҷумҳӯрии Исломии Эрон рӯзи ҷумъа дар суханоне дар Иҷлоси ҳуқуқи байналмиллалии Санкт-Петербург Русия пешниҳод дода буд: Чаҳорчӯби ҳамкориҳои ҳуқуқӣ ва қазоӣ миёни кишварҳои қурбонии таҳримҳои якҷониба танзим ва бошгоҳи таҳримҳо бо меҳварияти Вазоратхонаҳои додгустарии ин кишвараҳои эҷод шавад. Раҳимӣ ҳамбастаги кишвраҳои мустақил ва озод дар баробари сиёсатҳои якҷонибаи возеъони таҳримҳоро зарӯрати иҷтинобнопазири ҷаҳони имрӯз хонд ва афзӯд: Бояд аз зарфияти мароҷеъи байналмиллалӣ алайҳи возеъони таҳримҳои якҷониба истифода кунем.

Кишварҳои ғарбӣ ба саркардагии Амрико муддатҳост, ки аз эъмоли таҳримҳои якҷониба ба масобеи абзорӣ барои расидан ба аҳдофи сиёсӣ. иқтисодӣ ва амниятии худ истифода мекунанд. Ба вижа таҳримҳои якҷонибаи Амрико ба баҳонаҳои мухталифи сиёсӣ,тиҷорӣ, амниятӣ ва ҳатто ҳуқуқи башари алайҳи дигар кишварҳо ба вижа кишварҳои рақиб ё хасми он эъмол мешавад. Бо ин ҳама аз назари зоҳирӣ, далели аслии идомаи ин рӯйкард, пайгири манофеъи Вашингтон аст. Иёлоти Муттаҳида бузургтарин кишвари таҳрим кунанда дар ҷаҳон маҳсуб мешавад ва дар ростои аҳдофи сиёсати хориҷаи худ бештарин собиқаро дар эъмоли анвоъи таҳримҳо алайҳи дигар кишварҳо дорад. Муттаҳидони ғарбии Вашингтон низ дар эъмоли таҳримҳо бо он ҳаморҳи мекунанд. Ин таҳримҳо бо баҳонаҳои мухталиф бо сиёсатҳо ва иқдомоти Амрико ва Ғарб бо иддаои таҳдиди онҳо аз сӯйи кишварҳои мавриди таҳрим анҷом мегирад. Охарин маврид дар ин замина эъмоли бесобиқатарин таҳримҳо алайҳи Русия ба баҳонаи ҷанги Украина аст. Амрико сардамдори таҳримҳо алайҳи Русияро бар уҳда дорад. Ҷумҳӯрии Исломи Эрон низ беш аз 40 сол аст, ки таҳти таҳримҳои якҷонибаи Иёлоти Муттаҳида қарор дорад. Эъмоли таҳримҳои зиддӣ эронӣ дар давраи раёсадҷумҳӯрии Трамп раисиҷумҳӯри собиқи Амрико пас аз хурӯҷ аз БарҶом ва роҳандозии корзори фишори ҳаддиаксари абъоди ҷаддид ва бесобиқае пайдо кард ва шаддидтарин таҳримҳоро алайҳи миллати Эрон ба умеди таслими Эрон дар баробари хостаҳои ғайри мантиқии Амрико эъмол кард, ки албатта бо нокомӣ ва шикаст мувоҷҷеҳ шудааст. Давлати Байден низ ҳамин масири шикастхурдаро токунун идома додааст. Ҷу Байден расиҷумҳӯри Амрико аз замони рӯи кор омадан ба рағми шиъорҳои қаблии худ, корзори фишори ҳаддиаксариро тадоввум бахшида ва ҳар аз чанд гоҳе таҳримҳои ҷаддидро ба баҳонаҳои мухталиф алайҳи Эрон эълом мекунад.

Вашингтон ҳатто дар замоне,ки ҳамагирии вируси Короно, вазъияти вахимро барои бисёре аз кишвараҳо ба лиҳози иқтисодӣ ва беҳдоштӣ рақам зада буд боз ҳам дар ростои расидан ба аҳдофи худ бо шидати ҳарчӣ бештар таҳримҳоро алайҳи руқабо ва душманони худ бо шиддат идома дода буд. Амрико таҳримҳои якҷонибаи зиёде алайҳи кишварҳое монанди Эрон, Чин, Кубо, Сурия, Кареяи Шимолӣ вазъ кардааст. Ин дар ҳоле аст, ки Созмони Миллал борҳо ба интиқод аз эъмоли таҳримҳои якҷониба тавассути Амрико ба вижа дар давраи ҳамагирии Короно пардохта ва хоҳони лағв ва ё коҳиши онҳо ба манзури тасҳили дастрасии кишварҳои мавриди таҳрим ба ақломи асосӣ, пизишкӣ ва дорӯӣ шуда аст.

Ба назар мерасад бо таваҷҷӯҳ ба асароти мухариби таҳримҳои якҷонибаи Амрико ва Ғарб, маҳкумияти ин иқдомот ва низ бархурди якпорчаи кишварҳои мавриди таҳрим аз ҷумла як бошгоҳи ҳуқуқии зиддӣ таҳрим зарӯрат дорад то Ғарб ва Амрико аз ҷумла эҷоди як бошгоҳи ҳуқуқии зиддӣ таҳрим зарӯрат дорад то Ғарб ба вижа Амрико ночор ба таҷдиди назар дар ин рӯйкарди зиддӣ инсонӣ ва ғайри қонунии худ шавад.

АмрикоДмитрий МедведевиқтисодСозмони Миллали Муттаҳидтаҳрим
Comments (0)
Add Comment