Дар амалиёти субҳи имрӯзи саҳюнистҳо 3 фармондеҳи Қудс шаҳид шуданд

Ҷунбиши Ҷиҳоди Исломии Фаластин аз шаҳодати се тан аз фармондаҳони Қудс, шохаи низомии ин ҷунбиш дар ҷараёни таҷовузоти субҳи имрӯзи режими палиди саҳюнистӣ хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории “Алҷазира”, ҷунбиши Ҷиҳоди Исломии Фаластин эълом кард, ки дар ҷараёни таҷовузоти субҳи имрӯзи режими ҷинояткори саҳюнистӣ алайҳи Ғазза, “Ҷиҳод Шокир Алғином”, дабири шӯрои низомӣ дар гурдонҳои Қудс, “Халил Салоҳ Ал-буҳтинӣ”, узви шӯрои низомӣ ва фармондеҳи минтақаи шимол дар гурдонҳои Қудс ва “Ториқ Муҳаммад Иззуддин”, аз раҳбарони амалиёти низомӣ дар гурдонҳои Қудс дар Каронаи Бохтарӣ ба шаҳодат расиданд.

Рӯзномаи “Ядиот Аҳаронт” низ гузориш дод, ки тасмими ниҳоӣ террори фармондаҳони Ҷиҳоди Исломии Фаластин рӯзи ҷумъаи гузашта дар мақарри “Шабак” тавассути Бенямин Нетаняҳу ва вазири артиши режими саҳюнистӣ иттихоз шуд.

Ҳамчунин бар асоси гузоришҳои мунташир шуда, сарони режими саҳюнистӣ, масъулони Мисрро дар ҷараёни террори раҳбарони гурдонҳои Қудс баъд аз иҷрои ин амалиёт, гузошта буданд.

Ҳамзамон бо таҷовуизи ҷангандаҳои режими палиди саҳюнистӣ ба аҳдофе дар навори Ғазза ва шаҳодати бархе фармондаҳони гурӯҳҳои муқовимати фаластинӣ, ҷунбиши Ҳамос бо судури баёнияе ин ҳамалотро маҳкум кард ва бар посухи дандон шикан ба мутаҷовизон таъкид кард.

Дар баёнияи ҷунбиши Ҳамос омадааст: мардуми Фаластин ва гурӯҳҳои муқовимат медонанд, ки чигуна ба душман зарба бизананд ва ба ҷинояти террори бархе аз сарон ва фармондаҳони гурдонҳои Қудс посух диҳанд.

Ҳамос дар баёнияи худ эълом кардааст, ки ба зудӣ ба ишғолгарон ва мутаҷовизон посух хоҳад дод.

Бомдоди имрӯз, манобеъи фаластинӣ эълом карданд, ки ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ аҳдофе дар навори Ғаззаро бомбаборон карданд. Гуфта шуда, ки мавозеъи ҳадаф қарор дода шуда мутааллиқ ба гурӯҳи муқовимати Ҷиҳоди Исломӣ дар навори Ғазза ҳастанд.

Алҷазира дар ин иртибот ба нақл аз сухангӯи артиши режими саҳюнистӣ эълом кард: ҳамалотеро ба аҳдофи Ҷиҳоди Исломӣ дар навори Ғазза анҷом додем. Манобеъи пизишкӣ дар навори Ғазза низ эълом карданд, ки дар ду ҳамла ба опортмунҳои маскунӣ дар Ғазза ва Рафаҳ теъдоде фаластинӣ захмӣ шуданд.

Дар ҷараёни ин таҷовузот токунун 12 фаластинӣ ба шаҳодат расида ва 20 тани дигар захмӣ шудаанд.

ҒаззаҚудссаҳюнистӣсаҳюнистҳоФаластинҲамосҶиҳоди исломӣшаҳид
Comments (0)
Add Comment