Ройзаниҳои сиёсии Тоҷикистон бо Марокаш ва Қатар

 Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон аз баргузории ройзаниҳои ҷудогонаи сиёсӣ бо мақомоти Марокаш ва Қатар дар маҳалли ниҳоди дипломатики худ хабар дод.

Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон аз баргузории ройзаниҳои ҷудогонаи сиёсӣ бо мақомоти Марокаш ва Қатар дар маҳалли ниҳоди дипломатики худ хабар дод.

Даври ҷадиди ройзаниҳои сиёсии Тоҷикистон бо вазоратхонаҳои умури хориҷаи Марокаш ва Қатар дар шаҳри душанбе ва ба шакли ҷудогона баргузор шуд.

Дар ҷараёни ройзаниҳои сиёсии вазоратхонаҳои умури хориҷаи Тоҷикистон ва Марокаш вазъияти кунунӣ ва чашмандози тавсеаи равобит байни ду кишвар дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, башардӯстона ва ҳамчунин илмӣ ва омӯзишӣ, гардишгарӣ, тақвияти чорчуби қонунӣ, дар чорчуби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ ва дигар мавзӯъоти мавриди алоқаи ду тараф баррасӣ шуданд.

Дар поёни ин музокирот ба омодагӣ ва алоқаи мутақобили ду тараф барои тавсеаи бештари равобити дӯстона ва ҳамкорӣ байни ду кишвар дар тамоми заминаҳои мутақобили судманд, таъкид шуд.

Дар ҷараёни ройзании ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қатар вазъияти кунунӣ ва дурнамои равобити дуҷониба дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорӣ, сармоягузорӣ, ҳуқуқӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва омӯзишӣ, беҳдошт, ҳамкорӣ дар чорчӯб созмонҳои байналмилалӣ ва минтақа мавриди баҳс ва табодули назар қарор гирифт.

ҚатарМарокашТоҷикистон
Comments (0)
Add Comment