Бозгашти Сурия ба Иттиҳодияи араб пас аз 12 сол

Як расонаи Саудӣ аз поёни ҷаласаи сарнавиштсози Шӯрои вазирони хориҷаи Иттиҳодияи араб дар Қоҳира ва мувофиқати аъзои он бо бозгашти Сурия ба ин иттиҳодия пас аз 12 сол хабар дод.

Хабарнигори шабакаи саудии Ал-арабия дар ин бора эълон кард: вазирони хориҷаи Иттиҳодияи араб тайи як ҷаласаи машваратӣ пушти дарҳои баста дар бораи бозгашти машрути Сурия ба Иттиҳодияи араб пас аз 12 сол ғайбат, тавофуқ карданд.

Ал-арабия ҳамчунин эълон кард: дар пешнависи ин тасмим, ки ба зудӣ расман нашр мешавад, омадааст: ширкати ҳайатҳои сурӣ дар ҷаласоти Иттиҳодияи араб аз имрӯз 7-уми май аз сар гирифта мешавад.

Солҳои аввали буҳрон, президенти Сурия таъкид карда буд, ки кишварҳои арабӣ базудӣ боз мегарданд.

Иттиҳодияи АрабСурия
Comments (0)
Add Comment