Ҳаждаҳумин шанбеи эътирозӣ зидди Нетаняҳу

Ҳаждаҳумин шанбеи эътирозӣ дар хиёбонҳои Фаластини ишғолӣ нишон дод, ки режими саҳюнистӣ ҳануз ҳам дар буҳрон боқӣ мондааст.

Расонаҳои мухталифи режими саҳюнистӣ эълон карданд, тазоҳуроти эътирозомез алайҳи кобинаи Бенёмин Нетонёҳу, ки мухолифат бо ислоҳот ва коҳиши ихтиёроти қувваи қазоияи Исроил ҷараққаи онро задааст, дар Телавив ва 150 нуқтаи дигар аз Фаластини ишғолӣ аз соатҳои поёнии рӯзи шанбе оғоз шудааст.

Рӯзномаи Идиут Оҳоронут дар пойгоҳи хабарии онлайни худ дар ин робита навишт: “тазоҳурот алайҳи қонун таъдилҳои қазоӣ барои ҳаждаҳумин ҳафтаи паёпай бо ҳузури ҳазорон нафар дар 150 нуқта дар тамоми шаҳрҳои (Фаластини ишғолӣ) оғоз шудааст.

Полиси режими саҳюнистӣ ҳам бисёре аз хиёбонҳоро ҳамзамон бо оғози тазоҳурот масдуд кардааст ва ҳамин масъала боиси эҷоди тарофик (пропка) дар дигар хиёбонҳои атрофи он шудааст.

Сиёсатмадорони мухталифи режими саҳюнистӣ ҳам эълон карданд ба рағми ақабнишинии Нетонёҳу ва эълони таълиқи тағйироти қонуни қазоии онҳо дар ин тазоҳурот ширкат хоҳанд кард.

Пойгоҳи хабарии Вои-нет, ки лаҳза ба лаҳза аз нуқоти мухталифи баргузории эътирозҳои хабарҳои кӯтоҳ ва бархатро мунташир мекунад, эълон кард, ин ҳафта пешбинӣ мешавад ҳудуди 135 ҳазор нафар дар хиёбони Коблони Телавив ва манотиқи дигари Фаластини ишғолӣ ҳузур пайдо кунанд, ин дар ҳолест, ки дар ахбори такмилии ин рақам аз марзи 140 ҳазор нафар ҳам дар Телавив гузаштааст.

Дар тазоҳуроти Телавив ҳозирон нисбат ба хушунати роиҷ дар ҷомеаи Исроил эътироз карданд, дар Нетонё Гонетс ҳам эълон кард агар дар нишастҳои баргузоршуда дар мақарри раиси режими саҳюнистӣ пешрафте набинам дар ҳузурамон дар нишастҳои ҳаллу фасли ин буҳрон таҷдиди назар хоҳем кард.

Тисиби Лиуни, яке аз раҳбарони сиёсии мухолифи кобинаи Нетонёҳу ҳам дар суханронии худ дар ҷамъи тазоҳуроткунандагон дар Телавив ҳам эълон кард, ки кобинаи Нетонёҳу қасди ҳазфи баробарӣ байни саҳюнистҳоро дорад, ва ин масъала метавонад бузургтарин таҳдид барои саҳюнисм бошад.

Ба навиштаи ин расонаи ибризабон, даҳҳо ҳазор нафар аз тазоҳуроткунандагон ҳам дар Ҳайфо таҷаммӯъ карда ва алайҳи Нетонёҳу ва сиёстҳояш шиор доданд.

Бенёмин НетаняҳуИсроилРежими саҳюнистӣ
Comments (0)
Add Comment