Вазири хориҷа бори дигар хостори эҷоди камарбанди амниятӣ перомуни Афғонистон шуд

Вазири хориҷаи кишварамон дар нишасти Шангхай бори дигар хостори эҷоди камарбанди амниятӣ дар марзҳои Афғонистон шуд.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, “Сироҷуддин Муҳриддин, “, вазири хориҷаи кишвар дар нишасти созмони ҳамкории Шангхай, дубора хоҳони эҷоди камарбанди амниятӣ перомуни Афғонистон шуд.

Сироҷуддин Муҳриддин, бо Эътироф ба даргирии марзии ахири Тоҷикистон ва Афғонистон бо қочоқчёни маводди мухаддир, тарҳи эҷоди камарбанди амниятӣ дар атрофи Афғонистонро дубора матраҳ кард.

Гуфта мешавад ба тозагӣ кумитаи амнияти миллии кишвар даргирии мусаллаҳона ва кушта шудани як неруи низомии худро дар марзи Афғонистон таъйид кардааст.

Тарҳи эҷоди камарбанди амниятӣ перомуни Афғонистон то замони вуруди неруҳои амрикоӣ ба Афғонистон дар соли 2001 матраҳ буд, ки соли гузашта тавассути Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кишвар дар нишасти Созмони паймони амнияти ҷамъӣ бори дигар матраҳ шуд.

Созмони паймони амнияти ҷамъӣ муташаккил аз кишварҳои Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбакистон ва Русия аст; Тоҷикистон аз аъзои аслии созмони ҳамкории Шангхай ва Созмони паймони амнияти ҷамъӣ маҳсуб мешавад.

амниятӣАфғонистонРусияСироҷуддин МуҳриддинТоҷикистонШангхай
Comments (0)
Add Comment