Қонунгузори англисӣ: Мухолифони салтанатӣ муҳоҷират кунанд

Дар пайи тазоҳуроти ҳазорон тан аз мухолифони хонадони салтанатии Англис дар шаҳри Лондон, як қонунгузори ҳизби ҳокими муҳофизакори ин кишвар аз ин мухолифон хост аз Англис ба кишвари дигаре муҳоҷират кунанд.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, дар пайи тазоҳуроти беш аз ду ҳазор тан аз мухолифони хонадони салтанатии Англис дар шаҳри Лондон, як қонунгузори радаболои ҳизби ҳокими муҳофизакори ин кишвар дар изҳорнзри ҷанҷолӣ хостори “муҳоҷират кардани” ин мухолифон аз Англис дар сурате, ки наметавонанд пазирои подшоҳии Англис бошанд, шуд.

Ба навиштаи хабаргузории “Press Association”, “Ли Андерсон”, муовини раиси ҳизби муҳофизакор бо интишори як Твит дар бораи дастгир кардани мӯътаризони узви гурӯҳи «ҷумҳурӣ» , ки мухолиф бо салтанати Англис ҳастанд ва дар остонаи тоҷгузории “Чарлези Севум” ба унвони подшоҳи ҷадиди Англис дар Лондон тазоҳурот карданд изҳори назар кард.

Рӯзномаи англисии “Дейли Мейл” гузориш дод, неруҳои амниятии Англис дар остонаи баргузории маросими тоҷгузории подшоҳи Биритониё, теъдоде аз ин мӯътаризони мухолифи салтанатро, ки порчанавиштаҳое алайҳи подшоҳи ин кишвар ба даст гирифтанд, ба иттиҳоми эҷоди музоҳимати умумӣ дастгир кард.

Ли Андерсон дар изҳориназари тавҳиномез бо аҳмақона хондани шиори мухолифони хонадони салтанатии Англис бо мазмуни «ӯ подшоҳ ман нест» дар Твети навишт: «ӯ подшоҳи ман нест? Агар шумо намехоҳед дар кишваре зиндагӣ кунед, ки дар он салтанат ҳаст роҳиҳаллаш ин нест, ки бо шиорҳои аҳмақонатон тазоҳурот кунед. Роҳиҳаллаш ин аст, ки муҳоҷират кунед.»

Ин қонунгузори ҳизби муҳофизакори Англис ҳамчунин аз саркӯбгарии полиси ин кишвар алайҳи ин мӯътаризон, ки дар наздикии Кох Букингем аломатҳои бо шиори «ӯ подшоҳи ман нест» ба даст гирифтанд ҳимоят кард.

Ҳар чанд ин изҳориназари ҷанҷолии ӯ дар расонаҳои иҷтимоӣ бо интиқоди бархе мувоҷеҳ ва «ғайри демократик» хонда шуд, аммо бархе низ аз сӯҳбатҳои ӯ ҳимоят карданд.

Ин қонунгузори англисӣ ҳамчунин пеш аз ин низ сӯҳбатҳои ҷанҷолӣ матраҳ карда ва як бор хостори он шудабуд, ки муҷозоти эъдом муҷаддадан барқарор шавад.

Ӯ ҳамчунин ахиран аз “Марк Роули”, раиси полиси шаҳри Лондон дархост карда буд “Аз бурҷи устухон филии худ пойин ояд” ва бархурди шадидтар бо тазоҳурот кунандагони дар Лондон дошта бошад.

Бар асоси гузориши расонаҳои маҳаллии Англис, имрӯз ҳамзамон бо баргузории маросими тоҷгузории Чарлези Севум дар ҳавои боронӣ дар Лондон, мухолифони салтанатӣ порчанавиштаҳоеро ба даст гирифтанд, ки бар рӯи онҳо навишта шуда буд: «ӯ подшоҳи ман нест» ва «салтанатро мансух кунед.»

Шабакаи “Sky News”, гузориш кард, полиси Биритониё, раҳбари гурӯҳи зидди салтанатии «ҷумҳурӣ» ва чандин нафари дигарро, ки дар остонаи маросими тоҷгузории Чарлез дар наздикии маҳалли баргузории маросими тоҷгузорӣ тазоҳурот барпо карда буданд, боздошт кард.

АнглисанглисӣЛондонсалтанатӣ
Comments (0)
Add Comment