Коҳиши рушди иқтисодии Осиёи Марказӣ дар шароити чолишҳои ҷаҳонӣ

Сандуқи байналмилалии пул имрӯз чоршанбе бо таъкид бар ниёз ба суръатгирифтан дар ислоҳоти сохторӣ эълон кард, суръати рушди иқтисодӣ дар Ховари Миёна, Осиёи Марказӣ ва Шимоли Африқо дар соли ҷорӣ коҳиш хоҳад ёфт.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Сандуқи байналмилалии пул дар гузориши Ҷашмандози иқтисодии минтақавӣ навишт пешбинӣ мешавад рушди нохолиси дохилии воқеӣ дар Ховари Миёна ва Осиёи Марказӣ дар соли 2023 то 2.9 дарсад дар муқоиса бо рушди 5.3 дарсадии соли гузашта коҳиш ёбад ва дар соли 2024 ба 3.5 дарсад бирасад.

Рушди иқтисодӣ дар Ховари Миёна ва Шимоли Африқо дар соли ҷорӣ ба 3.1 дарсад дар муқоиса бо рушд 5.3 дарсадии соли гузашта коҳиш пайдо хоҳад кард. Дар минтақаи Қафқозу Осиёи Марказӣ низ аз 4.8 дарсад ба 4.2 дарсад хоҳад расид.

Ҷиҳад Азур, раиси минтақавии Сандуқи байналмилалии пул дар мусоҳиба бо хабарнигорон гуфт: “чолишҳо дар авҷ қарор доранду хатарҳое дар минтақа дида мешавад, ки бар чашмандози рушди иқтисодӣ таъсир гузоранд. Бархе хатарот ҷаҳонӣ ҳастанд, бархе ба масоили минтақавӣ марбутанд. Аммо бархе мушкилот ба далели қарзҳои бисёр зиёди бархе аз кишварҳо мебошад.”

Тибқи гузориши СБП, барои суръат бахшидан ба ислоҳоти сохторӣ ва таҳкими иқтидор ва устувории рушди иқтисодӣ, таҳкими пулию молӣ, сиёсати буҷетӣ дар саросари минтақа ва шароити сахтгирии молӣ зарур аст.

иқтисодОсиёи марказӣСандуқи Байналмилалии Пул
Comments (0)
Add Comment