Тазоҳуроти дубораи ҳазорон саҳюнист алайҳи тарҳи ислоҳоти қазоӣ Нетаняҳу

Шабакаи 12 телевизиони режими саҳюнистӣ эълом кард, ки ҳазорон саҳюнист шомгоҳи шанбе дар шаҳри Ҳерзлия дар маҳкумияти тарҳи ислоҳоти қазоӣ давлати Нетаняҳу даст ба тазоҳурот заданд ва хостори лағви барномаи Нетаняҳу шуданд.

Шабакаи 12 телевизиони режими саҳюнистӣ эълом кард, ки ҳазорон саҳюнист шомгоҳи шанбе дар шаҳри Ҳерзлия дар маҳкумияти тарҳи ислоҳоти қазоӣ давлати Нетаняҳу даст ба тазоҳурот заданд.

Ҳамчунин гузориш шудааст, ки тазоҳуроти 200 ҳазор саҳюнист дар Телавив баргузор шуд ва даҳҳо ҳазор нафари дигар дар шаҳрҳои дигар дар эътироз ба тарҳи ислоҳоти қазоӣ Нетаняҳу ба хиёбонҳо омаданд.

Эътирозоти ин ҳафта; Ҳафдаҳумин ҳафтаи эътирозӣ алайҳи кабинаи ростгарои ифротии Нетаняҳу ба шумор меравад.

Мӯътаризони саҳюнистӣ тайи чаҳор моҳи гузашта ҳамвора бо баргузории тазоҳуротҳои густурда ва пай дар пай хостори лағви комили тарҳи Нетаняҳу барои тарҳи ислоҳоти қазоӣ будаанд.

Ин дар ҳоле аст, ки чаҳор ҳафта пеш “Бенямин Нетаняҳу”, нахуст вазири режими саҳюнистӣ ҳамзамон бо идомаи тазоҳуроти густурда дар арозии ишғолӣ алайҳи ӯ қабл аз ташдиди танишҳои низомӣ ва таҷовузот алайҳи Масҷидулақсо ва Навори Ғазза, шикастро пазируфт ва таваққуфи тарҳи ислоҳоти қазоӣ мавриди назари худро эълом карда буд. Ӯ дар суханронии худ унвон кард, ки ба манзури ҷилавгирӣ аз дудастагӣ ва ихтилофоти дохилӣ, таваққуфи тарҳи ислоҳоти қазоиро ба манзури дастёбӣ ба иҷмоъи густурда эълом мекунад. Ӯ муддаӣ шуд, ки тасмиме барои эҷоди тафриқа ва ихтилоф байни саҳюнистҳо надорад.

Тасмими мухолифони Нетаняҳу барои аз саргирии дубораи тазоҳурот алайҳи ӯ ва тарҳи ҷанҷолии кабинааш баёнгари ин аст, ки сокинони сарзаминҳои ишғолӣ ба ваъдаҳои Нетаняҳу ҳеҷ эътимоде надоранд ва фишорҳои сиёсии дохилӣ ҳамзамон бо фишорҳои низомии хориҷӣ таҳмил шуда аз ҷониби муқовимат, ояндаи режими саҳюнистиро бо сарнавишти мубҳаме мувоҷеҳ кардааст.

Аз сӯи дигар, натоиҷи як назарсанҷии анҷом шуда, ки аз сӯи рӯзномаи “Маарив” мунташир шуда, нишон медиҳад маҳбубияти Нетаняҳу нахуст вазири режими саҳюнистӣ коҳиш ёфтааст. Дар чаҳор моҳи гузашта, арозии ишғолӣ шоҳиди тазоҳуроти густарда алайҳи тарҳи ислоҳоти қазоӣ Нетаняҳу будааст ва мухолифони ин тарҳ онро талоше барои коҳиши қудратҳои мақомҳои қазоӣ дар баробари қудратҳои иҷроӣ донистаанд.

Бар асоси ин гузориш, эътилофи ҳизби Нетаняҳу низ аз маҳбубияти хубе дар миёни саҳюнистҳо бархурдор набуда ва дар сурати баргузории интихоботи парлумонӣ дар арозии ишғолӣ шоҳиди дастовардҳои қобили мулоҳизае нахоҳад буд.

Ин дар ҳолест, ки натоиҷи назарсанҷии мазкур нишон медиҳад, ки маҳбубияти Бенни Гантс, вазири ҷанги собиқи режими саҳюнистӣ ба сурати қобили таваҷҷӯҳе дар баробари Нетаняҳу афзоиш ёфтааст.

Натоиҷи ин назарсанҷӣ нишон медиҳад, ки аҳзоби кабинаи кунунии режими саҳюнистӣ дар сурати мушорикат дар интихоботи парлумонӣ танҳо 50 курсӣ ба даст хоҳанд овард; Ин дар ҳолест, ки ин аҳзоб дар ҳоли ҳозир 64 курсӣ дар парлумон доранд. Дар муқобил низ аҳзоби муъориз 70 курсӣ ба даст хоҳанд овард.

Рӯзномаи Маарив навишт, ки ин коҳиши маҳбубият ба ташдиди танишҳои амниятӣ дар дохили арозии ишғолӣ ва норизоятиҳо нисбат ба тарҳҳои ислоҳоти Нетаняҳу ва афзоиши ҳамалоти гурӯҳҳои муқовимат алайҳи мавозеъи артиши режими саҳюнистӣ бармегардад.

Бенямин Нетаняҳуислоҳоти қазоӣМасҷидулақсоРежими саҳюнистӣсаҳюнистсаҳюнистӣ
Comments (0)
Add Comment