Дидори президенти Сурия бо намояндаи вижаи Чин дар Ховари Миёна

Раисҷумҳури Сурия дар дидор бо фиристодаи вижаи давлати Чин аз нақши Пекин дар наздик кардани дидгоҳ миёни Арабистон ва Эрон тамҷид кард.

Ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии раёсатҷумҳурии Сурия, Башшор Асад, раисҷумҳури Сурия бо чое чун фиристодаи вижаи давлати Чин дар Ховари Миёна дидор ва гуфтугӯ кард.

Дар ин дидор равобити дуҷониба, ва равобити Чин бо кишварҳои минтақа ва нақши муҳими он дар минтақа мавриди ройзанӣ қарор гирифт.

Башшор Асад дар ин дидор ба аҳамияти тағйири мусбат дар сатҳи ҷаҳон бо таваҷҷуҳ ба нақши физояндаи Чин ишора кард, ки ба шакли ором ва мутавозин анҷом мешавад.

Вай гуфт: ин нақши улгуи ҷадид дар сиёсат ва иқтисод ва фарҳанг аст ба вижа, ки бар асоси асли барқарории субот ва сулҳ ва судҷамъӣ аст.

Башшор Асад таъкид кард: кулли дунё имрӯз ба ҳузури Чин дар арсаи сиёсӣ ва иқтисодӣ ба манзури барқарории тавозуни ҷаҳонӣ ниёз дорад ба вижа дар сояи равобити Русия ва Чин.

Раисҷумҳури Сурия зимни тамҷиди нақши миёнҷигарии Чин дар наздик кардани дидгоҳҳо миёни Арабистон ва Эрон онро дорои таъсирот дар суботи кулли Ховари Миёна донист.

Вай дар идома ба аҳамияти тарҳи камарбанд ва ҷода дар таҳаққуқи тавсеа ва ҳамкории иқтисодӣ ишора кард.

Башшор Асад бо ишора ба инки рӯёрӯӣ дар дараҷаи аввал иқтисодӣ аст, раҳоӣ аз юғ доллари Амрикоро зарурӣ донист ва гуфт: “раҳо шудан аз қайду банди муомила бо доллари Амрико, зарурӣ шудааст.”

Раисҷумҳури Сурия эълон кард, ки кишварҳои Брикс метавонанд, ки ифогари нақши роҳбарӣ дар ин замина бошанд.”

Раисҷумҳури Сурия таъкид кард: “Сурия истодагии Чин дар канори он дар ҷанг барои дифоъ аз ҳокимияти Сурия мутобиқ бо қонуни байналмилалӣ ва маншури Созмони Милалро фаромуш намекунад.”

Вай афзуд, ки Сурия кумакҳои Пекин ба зилзилазадагони суриро ҳам арҷ мениҳад.”

Башшор Асад дар идома салому дуруди худро ба Си Ҷинпинг ва мардуми Чин иброз дошт.

Аз сӯи дигар фиристодаи Чин ҳам дар равобити дуҷониба таъкид кард ва ба нигоҳи Чин ба равобит бо Сурия аз манзари роҳбурдӣ ва дар қолаби дидгоҳи фарогири минтақа ишора кард.

Вай аз ибрози хурсандии кишвараш аз пирӯзии бадастомада аз сӯи миллати Сурия дар набард бо терроризм сухан гуфт ва онро пирӯзӣ барои ҳамаи кишварҳое донист, ки аз ҳокимият ва каромати худ дифоъ мекунанд.

Ин мақоми чинӣ аз ҳимояти Пекин аз Сурия дар маҳофили байналмилалӣ ва низ ҳимояти Чин аз раванди ҳамгароӣ миёни Сурия ва кишварҳои арабӣ сухан гуфт.

Башшор Асадпрезиденти СурияХовари МиёнаЧин
Comments (0)
Add Comment