Амрико думболи тақобули ҷаҳон бо Русия ва Чин аст

Вазири дифои Русия бо баёни инки Амрико талош мекунад то кишварҳоро ба тақобули бо Пекин ва Маскав бикашонад, гуфт, ки Вашингтон ба думболи тағйири низоми равобити байнидавлатҳо аст.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, “Сергей Шойгу”, вазири дифои Федератсия дирӯз (ҷумъа) гуфт, ки алорағми талошҳои Амрико барои ҳифзи низоми султа, ҷаҳони чандқутбӣ дар ҳоли шаклгирӣ аст.

Сергей Шойгу тайи суханроние дар нишасти вузарои дифои кишварҳои узви созмони ҳамкории Шангхай, тавзеҳ дод: «нишасти созмони ҳамкории Шангхай дар шароите баргузор мешавад, ки таҳаввулоти бисёр бесуботкунанда дар ҷаҳон рух медиҳад ва тағйироти ғайриқобили баргаште дар раванди эҷоди як ҷаҳони чандқутбӣ дар ҳоли вуқӯъ аст».

Ба навиштаи хабаргузории “Спутник”, вай бо баёни инки ғарб боиси нобудии тавофуқоти аслӣ дар заминаи кантроли таслиҳот ва раванди эътимодсозӣ шуда, изҳор дошт: «Амрико ва муттаҳидонаш дар талош барои ҳифзи султаи ҷаҳонӣ, боиси тазъифи сохтори амнияти ҷаҳонӣ шудаанд».

Вазири дифои Русия зимни ишора ба талоши Амрико барои тағйири низоми равобити байнидавлатҳо аз тариқи таҳдид ва эҷоди эътилофҳои таҳти кантроли худ, ҳушдор дод: «Иёлоти Муттаҳида ва муттаҳидонаш саъй доранд то кишварҳоро ба тақобули низомӣ бо Русия ва Чин таҳрик кунанд».

Тибқи ин гузориш, Сергей Шойгу тасреҳ кард: «ҳадафи воқеӣ ғарб аз ҷанг дар Украина, шикасти роҳбурдии Русия, эҷоди таҳдид барои Чин ва ҳифзи мавқеияти инҳисории худ дар ҷаҳон аст».

Ба навиштаи Спутник, вай бо баёни инки талоши ғарб барои фишор ба муттаҳидони Русия ҷиҳати мунзавикардани Маскав бо шикаст мувоҷеҳ хоҳад шуд, афзуд: «тақвияти нақши созмони ҳамкории Шангхай ба унвони яке аз аркони низоми байналмилалии чандқутбии ҷадид, муҳим аст».

Пеш аз ин низ Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл бо баёни инки созмони паймони Атлантики шимоли моҳияти таҳоҷумии худро нишон дода, гуфта буд, ки НАТО як эътилофи мутаҷовиз ва ноқизи амнияти Русия аст.

АмрикоПекин ва МаскавРусияРусия ва ЧинСергей ШойгуУкраинаЧин
Comments (0)
Add Comment