Густариши ҳамкориҳои Эрону Тоҷикистон барои ҳифзи амнияти минтақа

Вазири дифои Эрон бар тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Исломии Эрону Тоҷикистон барои ҳифзи амният дар минтақа таъкид кард.

Муҳаммадризо Қароии Оштиёнӣ-вазири дифои Эрон дар дидори генерал Шералӣ Мирзо-вазири дифои кишвар дар ҳошияи иҷлоси Созмони ҳамкории Шанхай бо баёни инки Осиёи Марказӣ ба маҳали таъомул ва баъзан тақобулу рақобати геополитикии кишварҳои минтақаӣ ва фароминтақаӣ табдил шудааст, гуфт: Дар чунин шароите қудратҳои фароминтақаӣ ба дунболи манофеъи худ ҳастанд ва бар ҳамин асос ду кишвар бояд барои ҳифзи амнияти минтақа ҳамкориҳои худро тақвият кунанд.

Вазири дифои Эрон афзуд: Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамвора ҳомии сулҳу сабот ва амнияту тамомияти арзии Тоҷикистон будааст ва ин сиёсатро бо қудрат идома хоҳад дод.

Генерал Оштиёнӣ таъкид кард: Узвияти Эрону Тоҷикистон дар Созмони ҳамкориҳои Шанхай фурсатҳои қобили таваҷҷуҳеро барои ду кишвар эҷод мекунад, ки бояд барои он барномарезӣ кард.
Вазири дифои Эрон авлавияти Ҷумҳурии исломӣ дар ҳамкориҳои дифоӣ ва низомӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистонро тақвияти бунияи дифоии ин кишвар ба вижа мубориза бо тероризм эълом кард.

Вазири дифои Тоҷикистон низ бо ишора ба фарҳанги муштараку собиқаи торихӣ ва тамаддунии Эрону Тоҷикистон равобити ду кишварро амиқ ва аз ҷинси бародарона донист ва таъкид кард: Бо мурури таҳаввулоти ҷаҳону минтақа мавзӯи нигарониҳои амниятӣ барои ду кишвар муштарак аст.

Ба гузориши хабаргузории Форс, нишасти вазирони дифои кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар Ҳинд баргузор шуд.
Созмони ҳамкории Шанхай 15 июни 2001 дар Шанхай аз сӯи Қазоқистон,Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон таъсис шуд ва 9 кишвари Эрон, Ҳинд, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон низ ба узвияти расмии ин созмон пазируфта шуданд.

Муҳаммадризо ОштиёниравобитТоҷикистонШералӣ МирзоЭрон
Comments (0)
Add Comment