Даъвати Сироҷиддин аз Тсин Ган ба Душанбе

Вазирони корҳои хориҷа ва Чин зимни мулоқот дар шаҳри Сиан ба таҳкими ҳамкории дуҷониба аҳамияти хос доданд.

Вазири умури хориҷаи кишвар Сироҷиддин Муҳриддин дар мулоқт бо вазири корҳои хориҷии Чин Тсин Ган, ки дар шаҳи Сиан баргузор шуд, ҳамтои чиниашро ба Душанбе даъват кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати умури хориҷа иттилоъ додааст.
“Вазири корҳои хориҷа аз ҳамтои чинии худ барои анҷоми сафари расмӣ ба Тоҷикистон дар замони барояш мувофиқ даъват кард”.
Ёдовар мешавем ки чанде пеш Си Ҷинпин, раисҷумҳури Чин, дар номаи табрикотиаш ба муносибати ҷашни Наврӯз Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишварро барои анҷоми як сафари расмӣ ба Чин даъват карда буд.

Ҳамчунин ба иттилоивазорати хориҷа зимни мулоқот тарафҳо доираи васеи ҳамкории дуҷониба, масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, алалхусус чорабиниҳои дарпешистодаи сатҳи олӣ дар байни Тоҷикистон ва Чин ва Саммити сарони давлатҳоро дар қолаби сиғаи “Осиёи Марказӣ – Чин” мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамчунин вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Чин ба таҳкими ҳамкории дуҷониба дар самтҳои иқтисод ва тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, саноат, нақлиёт кишоварзӣ, илму техника, рақамикунонии соҳаҳои калидии мамлакат, маориф, тиб, туризм ва ғайра таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.

даъватравобитСироҷиддин МуҳриддинТоҷикистонТсин ГанҲамкорӣЧин
Comments (0)
Add Comment