Кӯдак шаҳрванди Русия мешавад, агар…

Кӯдак пас аз таваллуд дар Русия, метавонад шаҳрванди Русия шавад.
Шӯрои Федератсияи Русия қонуни “Дар бораи шаҳрвандии Русия”-ро, ки қаблан аз ҷониби Владимир Путин, раисҷумҳури ин кишвар пешниҳод шуда буд, тасвиб кард.
Ба нақл аз Telegram-канал “Парламентарий, кӯдак пас аз таваллуд дар Русия, метавонад шаҳрванди Русия шавад.
Ҳамин тариқ, рӯзи 26 апрел Шӯрои Федератсия қонуни “Дар бораи шаҳрвандии Русия”-ро тасвиб кард, ки ҳамин нуктаро дар назар дорад.
Қаблан ин пешниҳодро Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ба вакилони порлумон ироа карда буд.
Манбаъ шарҳ додааст: “Кӯдак шаҳрвандии Русияро аз рӯи таваллуд (дар ҳолате, ки ин ҳодиса дар Русия рух додааст) дар сурате, мегирад, ки агар дар рӯзи таваллуди кӯдак яке аз волидонаш шаҳрвандии Русия ва дигаре шаҳрванди хориҷӣ бошад”.
Қонуни федералӣ муқаррар кардааст, ки шаҳрвандии кӯдак ҳангоми тағир ёфтани шаҳрвандии волидони ӯ, ки аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум шудаанд, тағйир намеёбад.
Дар назар аст, ки ноболиғ, ки шаҳрванди Русия мебошад, ҳангоми фарзандхонӣ аз тарафи атбои хориҷӣ шаҳрвандии Русияро нигоҳ медорад.
Рӯйхати пурраи санадҳои лозима низ муайян карда шудааст, ки дар сурати мавҷуд будани яке аз онҳо шаҳрвандии кӯдак дар баробари қатъ гардидани шаҳрвандии якеаз волидайё фарзандхондагон лағв шавад.
Чунин қарорро танҳо роҳбари давлат қабул карда метавонад.
Тавре Владимир Полетаев, муовини аввали раиси Кумитаи қонунгузории конститутсионии Шӯрои Федератсия ва сохти давлатдорӣ шарҳ дод, дар санад ҳамчунин сабукии талабот барои қабул кардан ба шаҳрвандии Русия барои беш аз 20 гурӯҳи ашхос пешбинӣ шудааст.
Аз ҷумла, пешниҳод шудааст, ки қабули шаҳрвандии Русия барои иштирокчиёни барномаи давлатии мусоидат ба кӯчонидани ихтиёрии ҳамватанон, шаҳрвандони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва фарзандони онҳо, инчунин шахсоне, ки хешовандони наздикашон дар ин кишвар зиндагӣ мекунанд ва аллакай шаҳрвандони Русия мебошанд, содда карда шавад.
кӯдакқонуни “Дар бораи шаҳрвандии Русия”шаҳрвандӣ Русия
Comments (0)
Add Comment