Хабари КДАМ аз «нобудсозии» ду террорист дар марзи Тоҷикистону Афғонистон

Кумитаи давлати амнияти миллии Тоҷикистон аз “нобудсозии” ду нафар “аъзои ташкилоти байналмилалии террористӣ”-е хабар дод, ки ба гуфтаи ин ниҳод марзи Тоҷикистону Афғонистонро ғайриқонунӣ убур кардаанд.

Кумитаи давлати амнияти миллии Тоҷикистон аз “нобудсозии” ду нафар “аъзои ташкилоти байналмилалии террористӣ”-е хабар дод, ки ба гуфтаи ин ниҳод марзи Тоҷикистону Афғонистонро ғайриқонунӣ убур кардаанд.

Дар хабарномаи КДАМ омадааст:

“Субҳи 26 апрели соли равон 2 аъзои ташкилоти байналмилалии террористӣ бо мақсади анҷом додани амали террористӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон хати сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Афғонистонро дар минтақаи муҳофизатии дидбонгоҳи сарҳадии 11-уми Отряди сарҳадии «Дарвоз», воқеъ дар деҳаи Дашти Язгуломи ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба таври ғайриқонунӣ убур намуд”.

Ин ниҳод дар идома эълон карда, ки “дар натиҷаи гузаронидани амалиёти муштараки зиддитеррористии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ террористон нобуд карда шуданд”.

Ҳамчунин аз мусодираи силоҳи кушташудагон хабар дода мешавад: “Дар ҷойи ҳодиса 2 автомати Калашников, 2  тапончаи истеҳсоли хориҷӣ, 8 норинҷаки дастӣ, 12 тирдон бо тир, 19 баста моддаи тарканда, 2 воситаи махсуси алоқа ва 2 телефони мобилӣ, ки ба террористон тааллуқ дошт, дарёфт ва мусодира гардид”.

Қаблан Тоҷиддин Суруш, рӯзноманигори афғон дар саҳифаи твиттериаш навишта буд, ки “21 апрел як ҷангҷӯи Ансоруллоҳ ва 2 узви Толибон аз минтақаи Дарвози Бадахшон мехостанд вориди Тоҷикистон шаванд, аммо дар ин ҳолат бо марзбонони тоҷик рӯ ба рӯ шуда, як нафари онҳо захмӣ шудааст ва онҳо аз роҳи худ баргаштаанд”.

Азда ТВ ҳам бо истинод ба сокинони маҳаллӣ хабар дода буд, ки мақомот дар ВМКБ ва ноҳияҳои тобеи марказ амалиёти ҷустуҷӯӣ оғоз кардаанд.

Зоҳиран шумори убуркунандагон беш аз ду нафар буда ва амалиёти ҷустуҷӯӣ ба охир нарасидааст, чун дар идомаи иттилоъияи КДАМ гуфта мешавад “ҷиҳати пурра муайян намудани шахсияти террористон ва дигар ҳаммаслакони ҷиноятии онҳо чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ва тафтишӣ идома дорад”.

 

АфғонистонКДАМмарзТоҷикистон
Comments (0)
Add Comment