Баёнияи давлати Сурия алайҳи ишғолгарии низомиёни амрикоӣ

Вазорати хориҷаи Сурия дар баёние бо маҳкум кардани идомаи дуздии нафти ин кишвар тавассути ишғолгарони амрикоӣ, хостори хуруҷи низомиёни ин кишвар аз Сурия шуд.

Сурия аз соли 2011 шоҳиди вуқуи буҳроне аст, ки террористҳо ва муоризин бо ҳимояти меҳвари ғарбӣ, ибрӣ, арабӣ ва туркӣ эҷод карданд.

Аз ин 4 меҳвар, кишварҳои арабӣ ба ҳимоят аз террористҳо ва муоризин поён додаву зимни пазириши шикасти ин рӯйкард, ба эҳёи равобит бо Димишқ рӯй оварданд.

Туркия ҳамчунон дар манотиқи шимолии Сурия ҳузур дорад ва аз шибҳи низомиён ҳимоят мекунад, аммо ахиран дар садади эҳёи равобит бо Димишқ баромадааст.

Режими саҳюнистӣ ҳамчунон ба ҳамалоти гоҳу бегоҳи худ алайҳи Сурия идома медиҳад ва ҳокимияти ин кишварро бо ин ҳамалот нақз мекунад. Амрико мутафовиттар аз соири кишварҳо амал мекунад. Вашингтон бахшҳое аз ҷуғрофиёи Сурияро мустақиман ишғол кардаву низомиёни он дар шимолу шимоли шарқи Сурия мустақар ҳастанд. Илова бар ин, низомиёни амрикоӣ ба ғорати нафти Сурия рӯй оварда ва бо кумаки шибҳи низомиён онро қочоқ мекунанд.

Дар ҳамин росто, ахиран дар идомаи ғорати манобеи нафтии Сурия, даҳҳо танкери ҳовии садҳо тон нафти сирқатӣ аз чоҳҳои воқеъ дар устонҳои Алҳасака ва Дайраззӯру Раққа, дар шимолу шимоли шарқи Сурияро ба Ироқ мунтақил карданд.

Низомиёни амрикоӣ илова бар ғорати манобеи нафтии Сурия, ба ҳимоят аз шибҳи низомиёни ҷудоиталаб низ ҳамчунон идома медиҳанд. Ниманизомиёни таҳти ҳимояти Вашингтон мавсум ба «Неруҳои демократии Сурия» ҳам тамомияти арзии Сурияро таҳдид мекунанд ва ҳам манобеи нафтии ин кишварро ғорат мекунанд ва бо мардуми Сурия низ бо хушунат рафтор мекунанд.

Мардуми Сурия то кунун борҳо бо низомиёни амрикоӣ ва шибҳинизомиёни таҳти ҳимояти Амрико даргир шудаву хостори поёни ишғолу ғорати манобеи энержии кишварашон тавассути Амрико ва шибҳинизомиён шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, давлати Сурия то кунун борҳо дар нома ба Шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳид, иқдомоти низомиёни Амрикоро маҳкум ва нақзи ҳокимияти Сурия унвон кард. Дар баёнияи шаби гузашта низ Сурия аз давлати Амрико хост, ҳимоят аз террористҳо ва ҷудоиталабҳоро мутаваққиф карда ва ба миллати Сурия ғаромат пардохт кунад.

Илова бар ин, давлати Сурия то кунун борҳо хостори хуруҷи низомиёни амрикоӣ аз ин кишвар шуд. Бо ин ҳол Ситоди фармондеҳии марказии низомиёни Амрико мавсум ба Сентком эълом карда, ки то замоне, ки аз шикасти ДИИШ дар Сурия мутмаин нашуда, аз ин кишвар хориҷ нахоҳад шуд.

Иддаои ин ситод дар ҳоле матраҳ мешавад, ки борҳо хабари фирорӣ додани афроди гуруҳи террористии ДИИШ тавассути низомиёни амрикоӣ аз зиндонҳои Сурия мунташир шудааст. Агарчӣ Амрико шиори мубориза бо ДИИШ – ро сар медиҳад, аммо аносури ДИИШ акнун абзори сиёсати хориҷии Амрико дар кишварҳое назири Сурия ва Ироқ ҳастанд.

ДИИШСозмони Милали МуттаҳидСурияТуркия
Comments (0)
Add Comment