Ҷанбаҳои сиёсӣ ва иқтисодии сафари вазири хориҷаи Арабистон ба Сурия

Таҳлилгарону нозирони сиёсӣ, сафари вазири хориҷаи Арабистони Саудӣ ба Сурия пас аз 12 соли қатъи робитаи Риёз бо Димишқро дорои ҷанбаҳои муҳимми сиёсӣ ва иқтисодӣ медонанд.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Вазири хориҷаи Арабистон баъд аз 12 соли қатъи робита бо Сурия рӯзи гузашта ба Димишқ сафар ва бо Башшор Асад, президенти ин кишвар дидору гуфтугӯ кард.

Ин дидор дар нахустин сафари расмии яке аз мақомоти расмии Арабистони Саудӣ ба Сурия баъд аз оғози ҷанги ҳамаҷониба алайҳи ин кишвар буд.

Вебгоҳи Ал-аҳд, бо нашри ёддоште навишт: ба назар мерасад Арабистони Саудӣ барои варақ задани дафтари ҷанги Сурия ҷаддӣ аст ва сафари вазири хориҷаи Саудӣ ба Димишқ ва пеш аз он истиқболи Риёз аз вазири умури хориҷаи Сурия дар ҳамин чорчуб аст.

Бино бар ин гузориш, Башшори Асад аз сиёсатҳои “бозу воқеъбинона”-и Арабистон тамҷид кард, тарҷумаи ин сиёсатҳои ҷадид дар саҳна, ба бовари нозирон, дорои ду ҷанба хоҳад буд: яке; ҷанбаи сиёсӣ, ки суботу эътимодро афзоиш медиҳад ва дигаре; ҷанбаи иқтисодӣ, ки ба афзоиши суботу эътимод мунҷар мешавад, ки муҷиби ҷазби сармоягузорӣ ва пешрафти иқтисод хоҳад шуд.

Коршиносон бар ин боваранд, ки пас аз 12 сол вақфа, марҳилаи ҷадиде аз равобити Димишқу Риёз оғоз шудааст. Ин таҳаввул аз манзари Арабистон, нуқтае ба нафъи Сурия ва пирӯзӣ барои он маҳсуб мешавад ва ин чархишу тағйир дар наҳваи таомули Риёз бо Димишқ, пас аз тавофуқи аз саргирии равобити Эрону Арабистони Саудӣ, ки ба ҳимояти Чин сурат гирифт.

Ба эътиқоди нозирон, ин амр, оғози марҳилаи ҷадиде аст, ки дар он Арабистони Саудӣ то ҳудуде аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дур мешавад, зеро тайи даҳ соли гузашта дарёфтааст, ки ҳеҷ дастоварде аз барномаҳои Амрико надоштааст.

Сафаре, ки муҷиби ҷазб сармоя мешавад

Аз суи дигар, коршиносони иқтисодӣ мегӯянд, ки ин суботи сиёсӣ уфуқҳоеро барои беҳбуд, чархиши воқеии чархи иқтисоду суботи арзиши пӯли миллӣ мекушояд.

Гушоиши кишварҳои арабӣ дар қиболи Димишқу сафари мақомоти масъули арабӣ ба Сурия, ки охирини онҳо, Файсал ибни Фариҳон, ки кишвараш дорои вазнаи сиёсӣ ва иқтисодӣ аст, муҷиби тақвияти сармоягузориҳои арабӣ ва байналмилалӣ дар Сурия хоҳад шуд ва муҷиби зуҳури иқтисодии ҷадид ғайр аз иқтисоди буҳронӣ мешавад.

Вазири хориҷаи Арабистон дар бораи эътимоди кишвараш ба тавоноии Сурия ва мардуми он барои ғалаба бар паёмадҳои ҷангу дастёбӣ ба тавсеаи пойдор ишора карда бар ҳимояти кишвараш аз Сурия ва ҳимоят аз ҳар чизе, ки тамомияти арзӣ, амнияту суботи онро ҳифз кунад ва муҳити муносиб барои бозгашти оворагон эҷод кунад, таъкид кард.

Бозгашти оворагон метавонад баёнгари тамоюли Риёз барои мушорикат дар бозсозии Сурия ва интиқоли сармоягузориҳо ба ин кишвар бошад зеро Риёз медонад, ки барқарории ин субот ба нафъи ҳамааст ва фоидаи он барои ҳамаи кишварҳои минтақа хоҳад буд ва ба ҳамин далел бояд ба марҳилаи пеши рӯ бо хушбинӣ нагирист.

Арабистони СаудӣДимишқРиёзСурия
Comments (0)
Add Comment