Шойгу: Ҳамкории Чин ва Русия омили субот дар ҷаҳон аст

Вазири дифои Русия дар дидор бо ҳамтои Чинии худ ҳамкории низомии ду кишварро омили «барқарории субот» дар ҷаҳон донист.

Ба гузориши гуруҳи манобеи хабарӣ, “Сергей Шойгу”, вазири дифои Русия рӯзи се шанбе хитоб ба вазири дифои Чин таъкид кард, ҳамкории низомии ин ду кишвар боиси «барқарории субот» ва косташудан аз эҳтимоли ҷанг дар ҷаҳон аст.

Ба навиштаи хабаргузории “Рейтерс”, Чин дар муддати 14 моҳи гузашта аз замони оғози амалиёти низомии вижаи Русия дар Украина ба унвони муҳиммтарин шарики байналмилалии Маскав зоҳир шудааст.

“Ли Шанфу”, вазири дифои Чин дар ростои талоши Маскав ва Пекин барои таъмиқи ҳамкории низомие, ки нигаронии ғарбро барангехта, ба Русия сафар кардааст.

Бар асоси гузориши хабаргузории “Интерфакси” Русия, Шойгу ба ҳамтои Чинии худ таъкид кард: «талошҳои ҳамоҳанги мо дар арсаи байналмилалӣ боис субот дар вазъияти ҷаҳон ва костан аз эҳтимоли бурузи ҷанг шудааст.»

Вазири дифои Чин рӯзи якшанбе дар ҷараёни сафараш ба Русия ба дидори “Владимир Путин”, раиси ҷумҳури ин кишвар рафт.

Сергей Шойгу баён кард, ҳамоҳанг шудани талошҳои ин ду кишвар дар саҳнаи ҷаҳонӣ ҳоизи аҳамият аст ва итминони худро нисбат ба густурда шудани барномаи размоишҳои низомии муштараки ду кишвар иброз кард.

Вазири дифои Русия хостори ҳимояти қудратманди мутақобили ду кишвар аз якдигар бо ҳадафи тавсеаи широкати фарогир ва ҳамкории стратегии онҳо шуд.

Моҳи гузаштаи мелодӣ “Ши Ҷинпинг”, раиси ҷумҳури Чин ба манзури нишон додани ҳимояташ аз Путин ба Маскав сафар кард.

Ин сафари чанд рӯза баъд аз он анҷом шуд, ки додгоҳи кайфарии байналмилалӣ барои дастгир кардани раиси ҷумҳури Русия аз бобати иддаои иртикоби ҷиноёти ҷангӣ дар Украина дархост кард.

МаскавПутинСергей ШойгуУкраинаЧин
Comments (0)
Add Comment