Баргузории маросими Шаби қадр дар Қирғизистон

Маросими зиндадории Шаби қадр, ки дар Ислом савоби аъмолаш "аз ҳазор моҳ ибодат бештар аст" бо ҳузури густардаи мардуми Қирғизистон дар масҷидҳои Бишкек баргузор шуд.

Бузургдошти зиндадории Шаби қадр, ки ба унвони беҳтарин ва бо фазилаттарин шаби сол дар моҳи шарифи Рамазон номида шудааст, бо ҳузури густардаи мардум дар масоҷиди Бишкек, пойтахти Қирғизистон баргузор шуд.

Мардум алоқаи зиёде ба маросими зиндадории Шаби қадр, ки дар масҷиди ҷомеи Эмом Сарахсӣ дар Бишкек баргузор шуд, нишон доданд.

Мардум ба муносибати ин шаби пурхайртарин, илова бар хондани намози хуфтан ва таровиҳ, намози Шаби қадрро ҳам адо карда ва то вақти саҳарӣ ба хутбаву тиловати Қуръони Карим гӯш доданд.

Афроди хайир ба муносибати Шаби қадр миёни намозгузорон обу хурмо тақсим карданд.

Қобили зикр аст, ки масҷиди ҷомеи Эмом Сарахсӣ дар Бишкек, пойтахти Қирғизистон тайи маросиме дар соли 2018 бо ҳузури Раҷаб Тайиб Эрдуғон, президенти Туркия ифтитоҳ шуда буд.

ҚирғизистонРамазоншаби қадр
Comments (0)
Add Comment