Қатъномаи роҳпаймоии Рӯзи ҷаҳонии Қудс

Қатъномаи роҳпаймоии саросарии интифоза ва Рӯзи ҷаҳонии Қудси соли 1402 ҳиҷрии шамсӣ дар шаҳри Теҳрон, пойтахти ҶИЭ хонда шуд.

Роҳпаймоёни шаҳри Теҳрони ҶИЭ  дар Рӯзи ҷаҳонии Қудс таъкид карданд, ки ҳаргуна аҳмақӣ дар бораи Масҷидулақсо, баҳои сангине барои саҳюнистҳо дорад ва агар ҷанге шӯълавар шавад, фурӯпошӣ ва нобудии режими нажодпараст ва ғосибро шитоб хоҳад бахшид.

Қатъномаи роҳпаймоии саросарии интифоза ва Рӯзи ҷаҳонии Қудси соли 1402 ҳиҷрии шамсӣ дар шаҳри Теҳрон, пойтахти ҶИЭ хонда шуд.

Матни ин қатънома ба шарҳи зер аст:

Бисмиллоҳир раҳонир раҳим

سُبْحَانَ الَّذِی أَسْرَى بِعَبْدِهِ لَیْلًا مِنَ الْمَسْجِدِ الْحَرَامِ إِلَى الْمَسْجِدِ الْأَقْصَى الَّذِی بَارَکْنَا حَوْلَهُ لِنُرِیَهُ مِنْ آیَاتِنَا إِنَّهُ هُوَ السَّمِیعُ الْبَصِیرُ (Сураи Исро/ояти 1)

Байтулмуқаддас ва Масҷидулақсо, маҳбати ваҳй, ҷойгоҳи поки паёмбарон ва қиблагоҳи аввали мусулмонон; сарзамини хунбори Фаластин бо шаҳидони ба хунхуфтааш, нуқтаи конунии ҷаҳони Ислом, меҳвари ҳамгароии уммати исломӣ ва ҳамафзоии мусулмонон ва муҳимтарин ва зиндатарин масъалаи муштараки уммати Ислом ва кобӯси ҳамешагии саҳюнистҳо ва ҳомиёни амрикоӣ ва аврупоии он аст.

Имрӯз дар шароите, ки бо гузашти 44 сол аз ибтикори таърихии меъмори кабири инқилоби исломии Эрон, ҳазрати Имом Хумайнӣ (рҳ) ва роҳбариҳои ҳакимонаи халафи солеҳи эшон, ҳазрати Имом Хоманаӣ ормони озодии Қудси Шариф ва раҳоии миллати мазлуми Фаластин бо ҳамроҳсозии “уммати Паёмбари Аъзам (с) ва оҳоди милал ва ҷавомеи ҳақталаб ва озодихоҳи олам, сиёсатҳо ва роҳбурдҳои шайтонии Амрико ва муттаҳидони минтақаӣ ва фароминтақавии Кохи сафед дар амниятсозии пойдор барои саҳюнистҳо дар сарзаминҳои ишғолӣ ба шикаст анҷомидааст, ва режими ғосиб ва муваққати саҳюнистӣ дар мувоҷеҳа бо таҳаввулоти навин дар ҷабҳаи муқовимат ва тавсеаи шӯълаҳои интифозаи муқаддас ба Каронаи Бохтарӣ ва балки саросари сарзаминҳои ишғолӣ, дар чолиши амниятӣ ва фурӯпошии дарунӣ гирифтор ва ба суръат масири заволи қатъиро тай мекунад.

Мо ширкаткунандагон дар ин роҳпаймоии саросарӣ ва душманшикан, ки “мазҳари ваҳдат ва иродаи ҷаҳони Ислом” дар ҳимоят аз Фаластин ва озодии Байтулмуқаддас ва паштвонаи “таҳким ва тақвияти амнияти миллии Эрони азиз” аст, мавозеи худро бо бонги расои тавҳиди “Аллоҳу Акбар, Хоманеӣ раҳбар” ба ҷаҳониён эълое медорем:

  1. Мо миллат ғаюри Эрон, ваҳдат ва ҳамбастагии ҷаҳони Исломро калиди фатҳ ва ғалаба бар истикбори ҷаҳонӣ ва тавтеаҳои онон дониста ва шукри Худо, акнун, ки ҷабҳаи муқовимат, ибтикори амалро аз ихтиёри саҳюнистҳо хориҷ ва давлати фосид, диктатор ва варшикастаи Нетонёҳуро дар мавқеият истисол (ва ноумедӣ) қарор дода ва режими кӯдаккуш ба самти заволи тадриҷӣ ронда ва тазалзули сиёсӣ ва дуқутбии шадид дар режими ҷаълӣ, таҳаввулот ва эътирозоти даруни марзҳои сарзаминҳои ишғолӣ ва афзоиши фирори сокинони шаҳрҳои ишғолии режими саҳюнистиро фаро гирифтааст; мӯътақидем тасриъ дар завол ва фурӯпошии режими муваққати саҳюнистӣ ва расидан ба нуқтаи бебозгашт, авлавияти аввали ҷаҳони Ислом ва кишварҳои исломӣ аст.
  2. Рӯзи Қудс ва ҳимоят аз миллати Фаластинро паштвонаи мустаҳками “амнияти миллии Эрони азиз” ва рамзи “ваҳдат ва иттиҳоди уммати исломӣ” баробари тавтеаҳои истикбори ҷаҳонӣ ва саҳюнисми байналмилал дониста ва зимни таъкид бар раҳнамудҳои мақоми муаззами раҳбарӣ, зарурати тақвияти пуштибонӣ аз муқовимат зидди саҳюнистиро танҳо роҳи ҳалли масъалаи Фаластин ба унвони “масъалаи аввали ҷаҳони Ислом” дониста ва бар бозгашти оворагони фаластинӣ аз гӯшаву канори дунё ва баргузории ҳамапурсии фарогир ва озод барои таъйини сарнавишти ояндаи ин кишвар таъкид менамоем.
  3. Мо рӯзадорони ширкаткунанда дар ин иҷтимои азим, зимни маҳкумияти юриши ваҳшиёна ба мӯътакифон дар Масҷидулақсо, ки сабаби шаҳодату захмӣ шудани ҷамъе аз рӯзадорон дар қиблагоҳи аввали мусулмонон ва Каронаи Бохтарӣ гардид, ҳамлаҳо ва иҳонати низомиёни саҳюнистро роҳе барои хуруҷ аз ошуфтагии сиёсӣ ва иқтисодӣ ва раҳоӣ аз буҳронҳои дохилӣ ва тарсу истисол аз интифозаи навин ва ҳузури ҳамосӣ ва шуҷоонаи насли ҷавони Фаластин дар майдони муқовимат ва мубориза дониста ва зимни ҳимояти қотеъ аз посухи кӯбанда ва ҳамоҳанги мушакии гурӯҳҳои муқовимат ва расондани паёми “ваҳдати майдонҳо”, ҳушдор медиҳем, ҳаргуна аҳмақӣ дар бораи Масҷидулақсо, баҳои сангине дорад ва агар ҷанге шӯълавар шавад, фурӯпошӣ ва нобудии режими нажодпараст ва ғосибро шитоб мебахшад.
  4. Бо маҳкумияти сукут ва бетаваҷҷӯҳии маҷомеи ҷаҳонӣ ва ниҳодҳои ҳуқуқи башарӣ дар қиболи ҷиноятҳои ваҳшиёнаи саҳюнистҳо аз “Созмони Милали Муттаҳид” мехоҳем нисбат ба таълиқи узвият ва ихроҷи режими ғосиб, нажодпараст ва кӯдаккуши саҳюнистӣ аз он созмон ва дигар маҷомеи байналмилалӣ, ки мавриди мутолиба ва изъони шахсиятҳои марҷаъ ва ҳуқуқдонони мӯътабари ҷаҳонӣ қарор дорад, иқдом намояд.
  5. Мо мардуми ширкаткунанда дар ин роҳпаймоии миллионӣ, зимни ҳимоят аз иқдомоти давлати хидматгузор дар тавсеаи ҳушмандонаи равобити роҳбурдии Ҷумҳурии Исломӣ бо кишварҳои дунё ва боландагии дипломосии ҳамсоягӣ бо кишварҳои минтақа ва ба муҳоқ бурдани паймони оброҳом, ҳимояти комил аз ҷабҳаи муқовимат, нируҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломӣ, Сипоҳи қудси посдорони инқилоби исломӣ ва исоргариҳои фаромӯшношудании онон ва ба вижа фармондеҳ шаҳиди Қудс, Сипаҳбуд Ҳоҷӣ Қосими Сулаймонӣ дар дифоъ аз ормони Фаластин, хостори тақвияти моддӣ ва маънавӣ ва ҳимояти ҳарчи бештар аз Фаластини муҷоҳид ва мазлум ва нируҳои ҷонбаркафи ҷабҳаи муқовимат ва озодии Қудси Шариф ҳастем.
  6. Ҳиҷоб яке аз заруратҳои дини Ислом буда ва адами риояти он ҳароми шаръӣ ва сиёсӣ ва сабаби тазалзули бунёни хонаводаҳо хоҳад шуд; пас, аз дастгоҳҳои иҷроӣ мехуоҳем тадобир ва иқдомоти лозимро барои ҷилавгирӣ аз тадовуми ин ноҳинҷорӣ дар дастури кор қарор дода, соҳати ҷомеаи исломиро аз ин савғоти шуми фарҳанги ғарбӣ-саҳюнистӣ, ки бо ҳимояти дастгоҳҳои ҷосусии душман тарвиҷ меёбад; поён диҳанд.
  7. Бо таъкид бар шароити ҳассос ва хатири имрӯзи кишвар ва лузуми таъмиқи “ваҳдат ва вифоқи миллӣ” ва ҳамафзоии зарфиятҳо ва фурсатҳо барои ҳалли мушкилоти иқтисодӣ ва маишатии мардум ва кумак ба давлати мардумӣ барои фоиқ омадан дар ҷанги иқтисодӣ ва таҳримии душманон ва муборизаи қотеъ бо фасод, таваррум ва гаронӣ, зимни таъкид бар насбулъайн қарор додани раҳнамудҳои ҳакимонаи мақоми муаззами раҳбарӣ ба вижа шиори соли 1402 “маҳори таваррум, рушди тавлид”, ҳаргуна ғафлат, мусомиҳа ва кӯтоҳӣ дар ин арсаро беамалӣ ва гурез аз масъулиятҳои шаръӣ ва қонунӣ талаққӣ мекунем ва шиносоӣ, муҳокима ва бархурди қотеъ бо муҷримонро хосторем.

Дар поён ба бархе давлатҳои минтақа, ки ба дунболи паймудани масири хатои таҷрибашудаи дигарон, ки ғолибан сабаби суқути онҳо шудааст, ҳушдор медиҳем, ки фиреби ваъдаҳои кишварҳои ғарбӣ ва саҳюнистиро нахӯрда ва зимни риояти усули ҳамҷаворӣ аз рафторҳои таҳрикомез худдорӣ ва салоҳи мардум ва кишвари худро дар пеш гирифта ва аз дармондагии қудратҳои бузург дар мувоҷеҳа бо миллати бузурги Эрон дарс бигиранд.

Вассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ

Ҷумъа 25-уми фарвардини соли 1402

Баробар бо 23-юми Рамазони 1444 ҳ.ш ва 14 апрели 2023

Шӯрои ҳамоҳангии таблиғоти исломии ҶИЭ

БайтулмуқаддасҚудсМасҷидулақсоРӯзи ҷаҳонии ҚудсТеҳронФаластинЭрон
Comments (0)
Add Comment