Рӯзи ҷаҳонии Қудс нидои ваҳдат барои поёни ҳаёти ишғолгар

Рӯзи ҷаҳонии Қудс фурсати бисёр муҳиме барои ба намоиш гузоштани ваҳдати уммати исломӣ алайҳи саҳюнистҳо аст; Ишғолгароне, ки ҳатто дар моҳи мубораки Рамазон ба намозгузорон дар Масҷидулақсо ҳамла мекунанд.

Рӯзи ҷаҳонии Қудс фурсати бисёр муҳиме барои ба намоиш гузоштани ваҳдати уммати исломӣ алайҳи саҳюнистҳо аст; Ишғолгароне, ки ҳатто дар моҳи мубораки Рамазон ба намозгузорон дар Масҷидулақсо ҳамла мекунанд.

Бенёмин Нетонёҳу, ки бо ваъдаҳои таъмини беҳтари амнияти режими саҳюнистӣ ва саркӯби нируҳои муқовамати Фаластини ба қудрат бозгашт, ҳоло мувоҷеҳ бо бесобиқатарини буҳрони сиёсии дохилӣ шудааст.

Тасмими кобинаи Нетонёҳу барои иҷрои ислоҳоти қазоӣ эътирозҳои бисёр густардаеро дар пай дошт, ки сабаби шикофи амиқ байни бахшҳои сиёсӣ шуд ва иттиҳоди зоҳириро, ки шояд нуқтаи қуввати режими ғосиб дониста мешуд, ба таври ҷиддӣ тазъиф кард.

Ба назар мерасад Нетонёҳу хуруҷ аз ин вазъиятро бо даст задан ба ҷиноятҳои ғайриинсонӣ алайҳи фаластиниҳо қобили тасаввур медонад. Албатта аз замони рӯи кор омадани кобинаи рости ифротии Нетонёҳу дар поёни соли гузашта мизони танишҳо дар Қудси ишғолӣ рӯ ба афзоиш ниҳода буд. Аммо чанд ҳамлаи ваҳшиёнаи ахири низомёни саҳюнист ба намозгузорон ва эътикофкунандагон дар Масҷидулақсо хабосати ин режими ҷаълиро бештар аз ҳар замоне ба намоиш гузошт.

Дар пайи ин иқдомоти разилонаи ишғолгарон, меҳвари муқовимат низ шаҳракҳои саҳюнистнишинро мавриди ҳамлаҳои мушакӣ қарор дод. Дар канори муқовимат Ғазза даргирӣ дар ҷабҳаи ҷануби Лубнон низ амалан саҳюнистҳоро дар муҳосира қарор дод, ки дар тағйири вазъият ба нафъи мардуми мазлуми Фаластин бисёр муҳим аст. Ин иттифоқи бисёр муҳим ба сароҳат нишон дод, ки агар ваҳдат ва ҳамбастагии ҷабҳаҳои муқовимат алайҳи режими саҳюнистӣ дар минтақа вуҷуд дошта бошад, пояҳои давлати пӯшолии ишғолгарон ба гунае мутазалзил хоҳад шуд, ки садои нобудии онро баланд хоҳад кард.

Аз ин нигоҳ, талоши бархе аз кишварҳои арабӣ барои оддисозии равобит бо Телавив барои таҳти ҳимоятҳои режими саҳюнистӣ қарор гирифтан, натанҳо ғайри мантиқӣ, балки хиёнаткорона аст.

Буҳрони дохилии сиёсӣ ва иқтисодии режими саҳюнистӣ ва чанддастагии ҷомеаи он бояд аз сӯи кишварҳои арабӣ фурсате барои таҷдиди назар дар масъалаи таомули худ бо саҳюнистҳо дониста шавад. Умед бастан ба режиме, ки бо Ислом душмании ошкор дорад ва ҳамвора аз иҳонат ба нахустин қиблаи мусулмонон даст намекашад ва беш аз 7 даҳа бар миллати шарифи Фаластин зулм ва истибдоди бевақфа раво медорад, дар ҳақиқат хиёнат ба дини Худо ва уммати Паёмбари Акрам (с) аст.

Бинобарин Рӯзи ҷаҳонии Қудс, ки аз сӯи Имом Хумайнӣ эълон шудааст, беҳтарин фурсат барои ба намоиш гузоштани иродаи давлатҳои мусулмон ва ба хусус давлатҳои арабӣ аст, зеро миллатҳои мусулмон ҳамасола чӣ дар ин рӯз ва чӣ дар дигар замонҳо ҳимояти худ бо мардуми Фаластинро эълон карда ва мекунанд.

Чунончи кишварҳои мусулмон алайҳи ҷиноятҳои режими саҳюнисти мавзеъгирии қотеъ кунанд, маҷомеи байналмилалӣ ва ҳуқуқи башарӣ маҷбӯр хоҳанд буд, то сукути худол бишкананд. Ба хусус инки режими сохтагии саҳюнистӣ беш аз ҳар замони дигаре шиканандатар шуда ва таъмиқи ин раванд сабаби коҳиши таваҷҷуҳ ва ҳимоят аз ин режим хоҳад шуд.

Бо баргузории густардаи иқдомоти марбут ба ин рӯз ва ба хусус роҳпаймоиҳои миллионӣ бояд паёми наздик шудани поёни ҳаёти режими ишғолгар дода шавад.

ваҳдати мусулмононҒаззаКаронаи БохтарӣРежими саҳюнистӣроҳпаймоӣРӯзи ҷаҳонии ҚудсТелавивФаластин
Comments (0)
Add Comment