Даргирии муътаризон ва пулис дар Париж

Мавҷи тазоҳурот ва нооромиҳо дар шаҳрҳои мухталифи Фаронса идома дорад.

Дар даргирӣ байни пулис ва эътирозгарон ба ислоҳи қонуни бознишастагӣ дар Париж пойтахти Фаронса 11 нафар захмӣ ва 47 муътариз боздошт шуданд.

Мардуми Фаронса илова бар шаҳри Париж дар соири шаҳрҳои низ аҳайи ислоҳи қонуни бознишастагӣ даст ба эътироз заданд.

Эътирозгарон шиорҳое алайҳи Макрон ба монанди “биёед Макронро бознишаста кунем” сар доданд.

Тазоҳурот гаҳгоҳ боиси таниш байни пулис ва муътаризон гардид.

Пулис бо гази ашковар талош мекард тазоҳурокунандагонро пароканда кунад.

Бар асоси омори нашр шуда дар расонаҳои Фаронса, дар ҷараёни даргириҳо байни пулис ва эътирозгарон дар Париж 11 нафар аз як муътариз ва 10 пулис захмӣ шуда ва 47 нафар ҳам боздошт шуданд.

ПарижТазоҳуротФаронсаэътироз
Comments (0)
Add Comment