Ваҳдати шиаву суннӣ бо ҳадафи нобудии Исроил ташкил шудааст

Як генерали барҷастаи саҳюнистӣ зимни эътироф ба заъфи режими саҳюнистӣ кабинаи Бенёмин Нетанёҳуро омили аслии шаклгирии чунин вазъияте эълом кард.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, генерал “Амус Гелад”, ки ҷузви генералҳои тундрави режими хабиси саҳюнистӣ даста банди мешавад, дар гуфтугӯ бо радиои саросарии режими саҳюнистии (Решт Бат) эълом кард: имрӯз мо шоҳиди шаклгирии ваҳдат байн аҳли тасаннун ва шиаён дар ростои таҳаққуқи ҳадафи аз байн бурдани Исроил ҳастем.

Ба гуфтаи ин генерали саҳюнистӣ, аҳли тасаннун Ҳамос ва шиаён Ҳизбуллоҳ дар чорчуби нигоҳи динӣ ва миллатпарастона барои аз байн бурдани Исроил бо якдигар муттаҳид шудаанд.

Ӯ бо ишора ба нишасти раҳбарони муқовимат дар Бейрут онро баёнгари ҳимояти Ҳизбуллоҳ аз иқдомоти (муборизоти) Ҳамос аз ҷумла шиллики мушак ба сӯи Алҷалил тавсиф кард.

Амус Гелад дар бахши дигаре аз гуфтугӯи худ бо радио режими саҳюнистӣ гуфт: заъф ва шиканандгие, ки мо дар Исроил онро зиндагӣ мекунем, заъф девонавор ва шикофи дохилӣ дар канори талошҳои сурат гирифта барои кудито алайҳи сохтори қонуни феълӣ (тағйироти қазоӣ) ва тамарруди бахшҳои васее аз мардум дар қиболи ин кудито ба алова ташаннуҷи ҳосил дар равобити бо Амрико, ки бо моҳи Рамазон ҳамзамон шудааст, ҳамагӣ даст ба дасти ҳам доданд то ҳамалот алайҳи мо густардатар шавад.

Ӯ ҳамалоти анҷом гирифта аз Лубнонро бо ин ҳаҷм ва ба ин равиш бесобиқа тавсиф ва изъон кард, ба далели шикофи дохилӣ мавҷуд, Исроил қодир ба посухи шадид ба он нашуд.

Амус Гелад ҳамчунин эътироф кард, кабинаи ҳоким бар Исроил кабинаи машрӯъе набуда ва тавонманди вуруд ба ҷанги васеъ ва ҳамаҷонибаро надорад, аз инру тамаркуз бар рӯй Ҳамос ба унвони муттаҳами аслии ин иқдомот ба ҷои Ҳизбуллоҳ метавонад тасмими саҳеҳе маҳсуб шавад.

Бенёмин НетанёҳуИсроилРежими саҳюнистӣҲамосҲизбуллоҳшиаву суннӣ
Comments (0)
Add Comment